Чанде пеш дар толори Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод ба номи Нигина Раупова бо иштироки раиси ноҳия, сардорони сохторҳои қудратӣ, кормандони бахшу идораҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони он, тамошои дастаҷамъонаи филми «Шикасти фитна» баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки ҳадафи тамошои филми мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони мақомот ва сокинони ноҳия, аз ҳодисаҳои охире, ки дар ВМКБ, бо пешниҳоди далели ҳуҷҷатӣ ва дарки ҳақиқат мебошад.
Ҳамчунин, вобаста ба ин мавзуъ раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода баромад намуда, зикр доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».
Филми ҳуҷҷатии «Шикасти фитна» ин ошкоркунандаи ҳақиқати нооромиҳои рӯзҳои 14 -18 майи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон мебошад, ин ҳодисаҳо ҳар яки моро, бахусус ҷавонони ванандӯсти кишваро водор месозад, ки дар пайравӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат, зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Маврид ба зикри хос аст, ки баъди тамошои филми мазкур сокинони ободкору ватандӯсти ноҳияи Файзобод огоҳ гардиданд, ки решаи ин мардумфиребӣ аз супориш ва “роҳнамоиҳо”-и хоҷагони хориҷиашон маншаъ гирифтааст. Ин мардумфиребон дар чоҳи касифие шино карданд, ки онро хоҷаҳои хориҷиашон бо истифода аз ҳирси бад ва нафси калонашон барои онҳо муҳайё сохтанд.