Зери чунин унвон чанде пеш дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, дар ноҳия семинар-машварати омӯзишӣ доиг гардид.
Дар даркори семинар Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Мансур Каримзода раиси ноҳия, Тоҷиддин Нурмаҳмадзода муовини директори Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Боймурод, муовини директори МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва масъулини сохторҳои вазорати кишоварзӣ, раёсат, шуъбаву бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои алоҳида ва хоҷагидорон иштирок намуданд.
Зимни семинар Ҳакимзода Қурбон, Салимзода Амонулло Файзулло, Каримзода Мансур баромад намуданд. Инчунин, дар қисмати назариявӣ Гулов Сайдалӣ – профессори кафедраи меваю сабзавотпарварии ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзӯи “Бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар заминҳои бо намнокӣ таъминбуда дар шароити ноҳияи Файзобод”, Шарипов Абдурашит – профессори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзӯи “баланд бардоштани ҳосили дарахтони мевадиҳанда бо роҳи гардолудкунӣ бо истифода аз оилаҳои занбӯр”, Ахмедов Турсунбой – профессори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзӯи “Парвариши васеи сабзавотҳо ва картошка дар ноҳияи Файзобод”, Ҷалил Пиризода – Директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзӯи “Самаранокии иқтисодии боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ нисбати боғҳои анъанавӣ”, Бердиев Пулат корманди МД “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ” дар мавзӯи “Чораҳои мубориза бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳо”, Зарипов Анвар – сардори раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ “Дар бораи қонунгузориҳои соҳавӣ”, Асадуллозода Изатулло – Директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, нноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои кишоварзӣ” дар мавзӯи “Рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Насруллоев Акмалҷон намояндати ТҶ “Нексигол” дар мавзӯи “Технологияи истеҳсоли биогаз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуданд.
Дар фарҷоми кори семинар Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи тамоми иқтидорҳои соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.