ВАҲДАТЕ, КИ СИРИШКИ АЛАМИ МОДАРИ ТОҶИКРО ПОК СОХТ

print

Дар ноҳия ӯ аввалин духтари маълумоти олидор аст. Падар, ки мудири шуъбаи маориф буд, монеи таҳсили духтараш нагардид. Он замон шомил шудан ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин на ба ҳар кас даст медод, вале Зебонисо бо баҳои аъло имтиҳонҳоро супурд ва дар риштаи филологияи тоҷик пайи таҳсил шуд.
Соли 1966 дар зодгоҳаш ноҳияи Файзобод дар МТМУ №1 корро оғоз бахшид. Пас аз ду сол ӯро котиби дуюм, чанде баъд котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳия интихоб карданд. Дар ин муддат боз бонуе дар соҳаи маориф ба кор омад. Заҳмати онҳо барои ҷалби духтарон ба мактабҳои миёна ва олӣ беназир аст. Зебонисо иқрор меояд, басо сангин буд ҷалби духтарон барои маълумоти олӣ гирифтан.
– Мӯзаҳои резинӣ пӯшида, дар боду борон, чатр дар куҷо, хона ба хона гашта, духтаронро ба сӯи илму дониш даъват мекардем. Барои волидон таҳсил дар марказ даҳшат, як чизи қобили қабул набуд. Мардону мӯйсафедони як деҳа ҳангоми маҷлис бо калтакҳо моро ронданд. Ҳанӯзам китфи чапам аз зарби он замон хӯрдаам месӯзад. Ақидаи занҳо низ нисбат ба духтарони маълумотдор, мутаассифона, манфӣ буд. Хушбахтона, зарбҳои хӯрдаи мо натиҷа доданд. Мо тавонистем, ки ду духтарро ба донишгоҳҳо гуселонем, – бо эҳсос ба ёд меорад З. Қурбонова.
Соли 1976 ӯро ба шуъбаи маорифи ноҳия хонданд ва баъдтар директории МТМУ №7-ро ба ӯ бовар карданд. Дар муддати фаъолияташ мактабро пурра аз таъмир бароварда тарзи таълимро ҷоннок гардонд. Чун шуъбаи маорифи ноҳия ба мутахассис ниёзи бештаре дошт, ӯро боз ба шуъбаи маориф оварданд. Вай барои ноҳия як чеҳраи воқеан шинохта аст. Омӯзгорон низ ӯро ҳамчун беҳтарин роҳнамову роҳкушои таълим ҳанӯзам ёд меоранд. Барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълим омӯзгор аз як деҳа ба деҳаи дигар пиёда даҳҳо километрро тай мезад. Замони соҳибистиқлолии кишвар ва оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аксар муаллимон тарки пеша карданд, вале Зебонисо ба касби хеш содиқ монд.
– Он замон мошин дар куҷо буд, то дуртарин деҳа пиёда мерафтем, аз ҳоли муаллимону хонандагон хабар мегирифтем, то эҳсос созанд, ки мо намояндаи давлатем ва дар вазнинтарин лаҳзаҳо бо мардум ҳастем. Дар роҳ мавриди пурсуҷӯ ҳам қарор мегирифтем, дашному ҳақорат низ мешунидем, вале дар роҳам устувор мондам. Бе маош ҳам мемондем, баъзан 4 сӯм мегирифтем, шукр мекардем, Сарвари давлат бароямон сулҳ овард. Ҳамин ваҳдати миллӣ буд, ки ашки алами модари тоҷикро тоза кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ сахт заҳмату машаққат кашиданд. Воқеан, на ҳар кас ҷонашро дар хатар гузоштан мехост. Заҳмати ин абармард дар таърих бо зарҳал сабт шудааст. Насли ҷавон бояд бидонад, ки сулҳ чӣ гуна ба даст омадааст, заҳмати моро эҳтиром кунанд, арҷ гузоранд, – мегӯяд ин модари рӯзгордида.

 Кормандони ҳуҷрадӯстдор
Муаллим аз он афсӯс мехӯрад, ки имрӯз баъзе кормандони корхонаву муассисаҳо аз дохили ҳуҷраҳои кории худ берун намебароянд, бо халқ нестанд.
– Ҳолати бисёр аз маъмурони корхонаҳову муассисаҳоро мебинаму дилтанг мешавам. О, доим дар ҳуҷраи корӣ чаро мешинед, берун, байни аҳолӣ бароед, аз ҳолу аҳволи мардум бохабар шавед, роҳнамо бошед. Ин ҳолати бисёр дардовар аст, ки онҳо аз масъулият мегурезанд. Баъд ҳисобот медиҳанд, ки шумораи ҷудошавии оилаҳо, ҷинояткорӣ байни ҷавонону наврасон афзудааст. Мо аз замони кишт то дами ҳосилғундорӣ назди деҳқонон мерафтем, аз аҳволашон бохабар будем. Баробарашон алаф медаравидем, ба мошинҳо бор мекардем. Дастаҳои санъаткоронро мунтазам байни коргарони саҳро мебурдем, ки хотирашон болида гардад. Ҳоло заминҳои бекорхобида зиёд шудаанд, мардум хуши кор кардан надорад, – иброз медорад Зебонисо.
Ин бонуи меҳнатқарин 51 соли умри бобаракати худро сарфи хизмати мардум кардааст ва имрӯз ҳам дилаш барои беҳбудиву пешравии Ватани азиз метапад. Хизмати софдилонаи Зебонисо Қурбонова бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва медали Барои меҳнати шоён қадр шудааст.
Модари меҳрубон дар иҳотаи се фарзанд ва 20 набераву 3 абера давлати пирӣ меронад. Ва аз садҳо шогирдонаш ифтихорманд асту ризо.

Фарзонаи ШАЪБОН
Бознашр аз http://www.bonuvon.tj

Шарҳи худро гузоред

*

code