ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

print

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ дӯстию якдигарфаҳми ҳукумфармост он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисоди ва фарҳанги пеш меравад. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрванди вақте ба амал омад бесарусомониҳои зиёдро ба сари мардум овард. Аз ин лиҳоз, барои аз навсозӣ ва эҳёи миллат нафаре лозим буд. Худованд ба оҳу нолаи модарону падарони халқи тоҷик назар намуда ба сари онҳо як ҷеҳраи таърихиеро роҳбар гузошт, ки тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор созад ин шахси Худодод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-июн Рӯзи ваҳдати милли эълон шуд. Хушбахтона бади ба имзо расидани ин созишнома зиндаги мардуми тоҷик рӯз аз рӯз хубтару беҳтар шуда истодааст. Имрӯзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милалӣ Мутаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаст. Дар сурати пойдории ваҳдат душвориҳо ва монеъаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меравад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона бирасем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон яъне Ваҳдати милли вазифаи аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд:
“Мову Шумо бояд як нуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд” .
Мо – ҷавонон бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст фарҳангпарвар ва созанда мебошанд. Мо насли истиқлол бояд, ҳеҷ гоҳ дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ба хатоги роҳ надиҳем ва як хатои мо метавонад боиси аз байн рафтани сулҳ, ваҳдат ва оромии кишвари азизу маҳбубамон мегардад. Бе пойдории сулҳу ваҳдат мо наметавонем аз ватану модар, ва номуси худ ҳифз намоем. Мо насли даврони истиқлолро мебоист, ки миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем ва рӯҳи гузаштагони худро шод гардонему заҳмати кашидаи онҳоро қадр намоем.

Бибисоро Ҷомаҳмадова,
сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия

Шарҳи худро гузоред

*

code