ВМКБ. ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ТАЪМИН ШУД

print
Тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ба эътидол омода, сокинон ба зиндагии муқаррарӣ баргаштанд.
Дар ин бора Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар дод. Бар пояи маълумоти манбаъ, гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки нимаи дуюми рӯзи 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, шоми 28 ноябр қатъ гардид.
Дар ин робита, масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл мешаванд.
Хабарнигори «Ҷумҳурият» дар ВМКБ Раҳмони Гулзор ин хабарро тасдиқ намуда, афзуд, ки ҳоло тартиботи ҷамъиятӣ пурра ба эътидол омада, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ба низом даромадааст. Дари нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳам ба рӯйи сокинон боз аст.
«Ҷумҳурият»

Шарҳи худро гузоред

*

code