ВОХӮРӢ БО ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ НОҲИЯ

print
Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ доир шуд.
Дар он намояндагони Кумита, муовини раиси ноҳия Махфирад Рашидзода ва дигар масъулон иштирок ва суханронӣ карданд.
Вохӯрӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар он муҳтавои қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, нақшаҳои амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2030, Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2025-2030 шарҳ дода шуданд.
  Ҳамзамон, вобаста ба раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳия, мақому манзалати зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занону духтарон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, таълиму тарбияи насли наврас ва дигар масъалаҳои марбут ба самти занон ибрози назар карда шуд.
Инчунин, масъалаҳои арҷ гузошта ба фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон, баланд бардоштани сатҳи донишу заковати бонувон, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва ҷалби бештари занон ба озмуну фестивалҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки дар амалӣ намудани танзими расму ойин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, талқин намудани урфу одатҳо дар зеҳну шуури наслҳо ягон қуввае дигар бештар аз занону духтарон саҳм гирифта наметавонад.
 Аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки дар таблиғ ва муосиргардонии либоси миллӣ, ки он яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат дар ҷаҳон аст, саҳмгузор бошанд.
Гуфта шуд, ки ҳар як зан-духтари тоҷик бояд ба муқаддасотӣ миллӣ арҷ гузорад, арзишҳои ниёгонро ҳифз ва риоя намояд, дар пешгирии хурофот ва бегонапарастие, ки солҳои охир байни бархе аз занон роиҷ гардидааст, саҳм дошта бошад.

Шарҳи худро гузоред

*

code