Вохӯрӣ дар деҳоти Меҳробод вобаста ба тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифатӣ

print
Дар доираи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифати ҳуқуқӣ  дар робита ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, имрӯз бо сокинони деҳаи Меҳрободи Болои Ҷамоати деҳоти Меҳробод, бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода, вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, комиссарияти ҳарбии ноҳия, инчунин, намояндагони сохторҳои қудратии ноҳия иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони деҳаи мазкур доир ба татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии диёр баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» ва масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, инчунин, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ ва ташвиқи китобхониву китобдӯстиро сухан ронда шуд.
Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо имрӯзҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома доранд.

Шарҳи худро гузоред

*

code