ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

print
Тавре иттилоъ дода будем, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия вохӯрии судманд доир гардида истодааст.
Имрӯз миёни сокинони Ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев, суҳбату вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, намояндагони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони шуъбаи маориф, бахши кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, вакилони маҳаллӣ ва ҷавонону собиқадорони ҷамоат иштирок намуда, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.
Гуфта шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳоро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки барои фардои гулафшони Ватани азизамон саъю талош намоем.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code