Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода, роҳбарони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, комиссарияти ҳарбии ноҳия, ҳамчунин, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва дигар масъулини дахлдор иштирок карда, оид ба мавзуъҳои дахлдори соҳавӣ баромад карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур, ҳамзамон, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткори миёни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз нуқтаи назар карданд.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо миёни аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.