Ҳамчунин, дар вохӯрӣ иброз карда шуд, ки “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.” Зимни мулоқоти намояндагони сохторҳои гуногуни ноҳия бо сокинони ҷамоати деҳоти Меҳробод.
Зимни мулоқот масъулин доир ба одобу ахлоқи ҳамида дар кору фаъолият ва фарҳанги либоспӯшӣ ибрози андеша карданд.
Инчунин, суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳо миёни сокинони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.