ВОХӮРИИ МАСЪУЛИН БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ҲАЙМАҲМАДӢ

print
Имрӯз гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони деҳаи Ҳаймаҳмадии деҳоти Бӯстон бо усули «Деҳа ба деҳа» оид ба шарҳу тавзеҳи Паём навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулот, инчунин, риояи ҷашну маросим, тарғиби либоси миллӣ ва таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва дигар мавзъуҳои муҳим бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, комиссарияти ҳарбии ноҳия, инчунин, намояндагони сохторҳои қудратии ноҳия иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, зикр шуд, ки “Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дарбар мегирад.

 Мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд”. Зимни вохӯрӣ доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд. Ҳамчунин, дар мулоқот масъалаҳои истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани шиддати ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Маврид ба гуфтан аст, ки чунин вохӯриҳои бо усули «Деҳа ба деҳа» дар тамоми деҳаҳои ноҳия баргузор мегардад.

Шарҳи худро гузоред

*

code