ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТӢ БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯ

print
1-уми декабри соли 2025, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо иштироки раиси ноҳия Мансур Каримзода, нозирони раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Абдуллозода ва Фазлиддин Ҳусейнзода вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони мақомоти маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсату шуъбаҳои назди мақомоти маҳаллӣ ва дигар кормандони соҳаҳҳои касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Санаи 24-уми январи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Авазода. Б бо намояндагони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.
Раиси ноҳия вохӯриро оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки мақсади асосии баргузории мулоқот – ин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии командон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, дар бораи самаранок истифода бурдани қувваи барқ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» «Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ва тартиби ташкили ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҳамчунин,, оид ба омилҳои пайдоиш ва хавфи коррупсия ибрози назар гардид.
Зикр гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.
Ҳамзамон, маорифчиёнро даъват намуданд, ки тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ аз амалҳои коррупсионӣ худдорӣ намуда, қонунҳои соҳавиро дар самти муқовимат ба коррупсия дар фаъолияташон қатъиян риоя намоянд.

Шарҳи худро гузоред

*

code