ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЧАШМАСОР

print

Санаи 13-уми ноябри соли 2025, дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод, бо фаъолон ва сокинони деҳа бо усули “деҳа ба деҳа” вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия Каримзода Ҷунайдулло, намояндаи бахши кор бо занон ва оила ва намояндаи бахши дин иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт сухан гуфта шуд.
Зикр шуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.
Зимни мулоқот муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code