ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
 Имрӯзҳо ба ҳар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод равед, мардумро саргарми кор дармеёбед: ҳама пайи ободонианд. Ободонии мактабу роҳу деҳаи худ. Зеро медонанд, ки ободии Ватан аз ободии кӯчаву рустои хеш сар мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст.
Ҳамин ободкориҳо аст, ки санаи 24 – уми феврали соли равон раиси ноҳия Мансур Каримзода аз рафти сохтмони якқатор иншоотҳои ҷашнӣ шинос гардид. Аз ҷумла, аз рафти бунёди майдончаи варзишӣ дар деҳаи Чилчашмаи Ҷамоати деҳоти Бӯстон, бозди аз корҳои сохтмонии ҷойи қабули меҳмонон дар даромадгоҳи ноҳия ва дидан кардан аз бунёди бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Ҷавонон. Иншоотҳои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳо бунёд гардида истодааст.
Ҳоло Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони заҳматкашу меҳнатқаринаш ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» омодагии ҳамаҷониба гирифта, ният доранд, ки ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.

Шарҳи худро гузоред

*

code