ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНЮ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯ

print

 Бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Файзобод, низ корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонӣ мунтазам баргузор мегардад. Бо ин мақсад имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад. Чанде қабл дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев бо иштироки роҳбарияти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сокинони деҳот ҳашари умумӣ баргузор гардид, ки дар ҳудуди Ҷамоат 300 дарахти ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонида шуд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори ноҳия корҳои ободонию ниҳолшинонӣ идома дорад, ки дар он кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва сокинон фаъолона иштирок мекунанд.

Имрӯзҳо сокинони заҳматкаши ноҳия аз рӯзҳои мусоид истифода намуда, дар канори шоҳроҳ ва дигар минтақаҳо шинонидани ниҳолҳои сӯзанбарг, санавбар ва сояафканро тибқи маслиҳати мутахассисон ва қоидаҳои агротехникӣ вусъат мебахшанд.
Чунин шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумӣ баҳри ободию зебоӣ ва хуррамгардонии ноҳия минбаъд низ гузаронида мешаванд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code