МАОРИФ РУШД МЕКУНАД
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳия аз мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи сентиябри соли 2019 бо сокинони ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайваста, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳа дастаҷамъона саъю кӯшиш доранд.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти Олии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, фаъолияти кормандони соҳаро таҳти назорати қатъӣ қарор доданд. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳо беҳтар намуда, барои таҳсилоти босифат замимаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро такмил бахшем ва самарабахшии кори онҳоро таъмин намоем,-гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағоймурод Ғуломов.
Айни ҳол, дар ноҳия 64 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 4 кӯдакистон. Дар онҳо 25 ҳазору 270 хонанда таълим мегирад. Инчунин, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва маркази эҷоди наварасону кӯдакон дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд. Маврид ба зикр аст, ки соли равон, аз ноҳия 22 нафар хатмкунанда бо Квотаи президентӣ, аз ҷумла 11 духтар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар 30 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохта ба истифода додани 25 муассисаи таълимии хуштарзу замонавӣ, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва фарогири 5 ҳазору 788 нафар хонанда бунёд ёфтааст. Боиси хушҳолист, ки қисме аз онҳо бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмолмаӣ Раҳмон ба истифода дода шудаанд.
Бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ рӯз то рӯз вусъат ёфта, ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ сохтмони 12 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 20 сентябри соли 2019 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳоти Сари чашмаи Ҷамоати Ҷавонон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 аз тарафи соҳибкор Ҳалима Худоёрова бунёд ва ба истифода дода шуд. Инчунин, дар деҳоти Ҷавонон, Баҳористону Заркамар ва Навобод аз тарафи соҳибкорону саховатмандони ноҳия муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо беш аз 400 ҷойи нишаст бунёд гардид.
Ҳамзамон, дар назди баъзе муассисаҳо синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардид. Дар назди муассисаи №2 майдончаи хурди варзишӣ ва дар назди муассисаҳои таҳсилоти № 17, 23 толори варзишӣ сохта шудан. Дар деҳаи Очилдӣ, Ҷамоати деҳоти Чашмасор аз тарафи сафоратхонаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 300 нафар хонанда дар ду баст сохта шуда, дар арафаи соли нави хониш мавриди истифода қарор дода гирифт. Боиси хушҳолист, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмуну мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Аз ҷумла, Рухшона Бовозода (хонандаи синфи 11) МТМУ- № 11 деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт соли сипари дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи якум ва бо дипломи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гашт. Ҳамчунин, аз муассисаи маскур Нигора Раҳмонова хонандаи синфи 5 аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Инчунин, дастовардҳои толибилмон дар соҳаи варзиш низ назаррас буда, соли 2020 Баракатулло Икромзода хонандаи синфи 10 -и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни наврасони соли таваллуди 2004 дар вазни 45 киллограмм соҳиби ҷойи аввал гардида, ва бо унвони номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оятулло Ҳусейнзода (хонандаи синфи 11) ҳамин муассиса дар мусобиқаи маскур аз намуди гӯштини самбо дар вазни 48 киллограмм сазовори медали тилло ва бо унвони номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвароз гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2020 хонандагони муассисаҳои ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 30 медал ба даст оварданд.
Зикруллоҳ Раҷабзода