ДАР БОРАИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.
– хариди мол, кор ва хизматрасонӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ“;
– хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунонии моликияти давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“;
– додани ҳама гуна ҳуқуқҳо барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” ва “Дар бораи консессияҳо“;
– татбиқи лоиҳаҳои қарзии (маблағҳои грантии) ҷудокардаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки мувофиқи қоидаҳои ин ташкилотҳо ба танзим дароварда шуда, иҷрои қоидаҳои мазкур дар доираи ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Тоҷикистон ва мутобиқи онҳо ҳатмӣ аст.
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– шарикии давлат ва бахши хусусӣ – ҳамкории шарикони давлатӣ ва хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
– шарики давлатӣ – мақомоти марказӣ ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
– бахши хусусӣ – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқие, ки муассиси он шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқии ғайридавлатӣ мебошад;
– шарики хусусӣ – соҳибкори инфиродӣ ва ё шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ, ки лоиҳаи инфрасохтор ё лоиҳаи хизматрасониро дар соҳаи иҷтимоӣ мутобиқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд;
– инфрасохтор – маҷмӯи иншооту биноҳо, системаҳо ва сохторе, ки барои фаъолияти соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, муҳайё кардан ва беҳтар сохтани шароити зисти ҷамъият зарур мебошанд, аз ҷумла низоми нақлиёт, таъминоти об ва барқ, роҳҳо, пулҳо ва системаи коммуникатсионӣ;
– лоиҳаи инфрасохтор – лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии объекти нави инфрасохтор ва ё таҷдид, навсозӣ, васеъкунӣ ва истифодаи ҳар як объекти инфрасохтор;
– лоиҳаи хизматрасонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ – лоиҳакашӣ, таҳия ва фаъолияти сохторҳое, ки бевосита ё бавосита ба ҷамъият дар тӯли на камтар аз се сол хизмати иҷтимоӣ (маишӣ, тиббӣ, равонию педагогӣ ва ғайра) мерасонанд, ки онҳо то оғози лоиҳа тобеи ташкилоти фармоишгар буданд;
– лоиҳаи шарикӣ – лоиҳаи инфрасохтор ё лоиҳаи хизматрасонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, ки байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ мутобиқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад;
– ташкилоти фармоишгар – мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои бастани созишнома бо шарики хусусӣ дар доираи Қонуни мазкур ваколат доранд;
– созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ – (минбаъдСозишнома) – санади ҳуқуқие, ки ӯҳдадории байни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ ва шартҳои татбиқи лоиҳаро мутобиқи Қонуни мазкур муқаррар менамояд;
– пардохти ҳаққи хизматрасонӣ – ҳуқуқ ё ваколате, ки ба шарики хусусӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар барои пӯшонидани хароҷоти сармоягузорӣ ва гирифтани фоида бо роҳи ситонидани хироҷ аз истифодабарандагони лоиҳаи шарикӣ дода шуда, хироҷ, тариф ва дигар пардохтҳоро дар бар мегирад;
– механизми оқилона – механизмест, ки дар доираи он ташкилоти фармоишгар метавонад ҳамаи ӯҳдадориҳои молиявиеро, ки эҳтимол дорад иҷро кунад дар доираи Созишнома аз ҳисоби маблағи мавҷуда ё ояндаи буҷетии худ иҷро намояд;
– дороиҳо (активҳо) – захираҳое, ки дар натиҷаи амалиёти қаблӣ ба даст овардашуда, ба ташкилоти фармоишгар тааллуқ доранд ё захираҳои наве, ки бо мақсади ҳамроҳ шудан ба Созишнома ва гирифтани фоидаи иқтисодӣ ба даст оварда мешаванд;
– иштироки консорсиум – пешниҳоди лоиҳавӣ аз ҷониби ду ва зиёда шахсон, ки барои иштирок дар лоиҳаи шарикӣ пешниҳод шудааст;
– пешниҳоди дархостнашаванда – ҳар гуна пешниҳоде, ки на ҳамчун ҷавоб ба дархости ташкилоти фармоишгар берун аз расмиёти интихоб тибқи Қонуни мазкур манзур карда мешавад;
– иҷро накардани ӯҳдадориҳои моддӣ – ҳама гуна ҳолати қодир набудани шарики хусусӣ барои иҷро кардани ягон ӯҳдадорӣ дар доираи Созишнома, ки ба хизматрасонӣ ба ҷамъият таъсир мерасонад ё таъсир хоҳад расонд ва баъди давраи тӯлонӣ ва баъди он ки шарики хусусӣ дар бораи иҷро нашудани ӯҳдадориҳо аз ташкилоти фармоишгар огоҳинома гирифтааст, иҷро нашуда боқӣ мемонад;
– довталаби афзалиятдошта – иштирокчии тендер, аз ҷумла консорсиум, ки ҳамчун иштирокчии муваффақи тендер интихоб гардидааст;
– мақоми танзимкунанда – мақоми ваколатдори давлатие, ки ба он ваколати пешбурди сиёсати давлатӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи рушди инфрасохтор ва пешниҳод намудани хизматрасонӣ дар бахши иҷтимоӣ дода шудааст;
– мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ – (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва ба он ваколати пешбурди сиёсати давлатӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудааст;
– Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ – мақоми мушовара, ки аз ҷумлаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад;
– таносуби нарх ва сифат – иҷрои вазифаҳои давлатӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ё истифодаи моликияти давлатӣ аз ҷониби шарики хусусӣ мувофиқи Созишномае, ки барои ташкилоти фармоишгар ё истеъмолкунанда фоидаи холис медиҳад ва он аз нигоҳи хароҷот, нарх, сифат, миқдор, таҳвили хавф ё маҷмӯи онҳо муайян карда мешавад;
– марҳилаи татбиқ – марҳилаи лоиҳаи шарикӣ, ки баъд аз расидан ба марҳилаи баанҷомрасии маблағгузории лоиҳаи шарикӣ фаро мерасад;
– тендер (озмун) – чорабиние, ки тибқи Қонуни мазкур бо мақсади интихоби одилонаи шарики хусусӣ (консорсиум) аз байни довталабон барои иҷрои самараноки лоиҳаи шарикӣ гузаронида мешавад;
– ҳуҷҷатҳои тендерӣ – маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дорои шартҳо ва тартиби гузаронидани тендер, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба шарики хусусӣ барои таҳияи дархости тендерӣ пешниҳод карда мешавад;
– асосноккунии техникию иқтисодӣ – арзёбии техникӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва экологӣ, инчунин арзёбии хавфҳои асосӣ ва самаранокии лоиҳа;
– иштирокчии тендер – шарики хусусие, ки дар ҷараёни интихобкунӣ оид ба иҷрои самараноки лоиҳаи шарикӣ мутобиқи Қонуни мазкур иштирок мекунад;
– марҳилаи тендер – марҳилаи лоиҳаи шарикӣ, ки аз лаҳзаи ба гузаронидани тендер розигӣ додани Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ оғоз гардида, баъд аз маъқул донистани лоиҳаи Созишнома аз ҷониби ҳамин Шӯро ба анҷом мерасад;
– марҳилаи баанҷомрасии Созишнома – марҳилаи лоиҳаи шарикӣ, ки баъди аз ҷониби Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ самаранок эътироф гардидани лоиҳаи Созишнома оғоз гардида, пеш аз марҳилаи татбиқ ва ё баанҷомрасии тиҷоратӣ ба охир мерасад (агар баанҷомрасии молиявии Созишнома зарур бошад).
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ мансубанд:
– таъсиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он;
– муайян кардани номгӯи объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ки нисбат ба онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда намешавад;
– муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ.
– ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯи объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ки нисбат ба онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда намешавад;
– баррасии масъалаҳо оид ба лоиҳаи шарикӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда шудаанд;
– баррасии пешниҳодҳои пешакии лоиҳавӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо назардошти натиҷаҳои асосноккунии техникию иқтисодии зарурӣ ва тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ;
– баррасии пешниҳодҳои лоиҳавии манзурнамудаи ташкилоти фармоишгар бо назардошти тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ;
– баррасии лоиҳаи созишномаҳое, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар тибқи тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардидааст;
– додани тавсияҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми танзимкунанда ва ташкилоти фармоишгари манфиатдор ба лоиҳаи шарикӣ, аз ҷумла дар ҳолати зарурӣ додани тавсияҳо оид ба идораи чунин лоиҳаҳои шарикӣ дар марҳилаи гузаронидани тендер, имзои Созишнома ё марҳилаи татбиқ;
– ҳалли фаврии масъалаҳои марбут ба идораи лоиҳаҳои шарикӣ дар марҳилаи гузаронидани тендер, ба имзо расонидани Созишнома ё татбиқи лоиҳа, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё узви Шӯро бо ташаббуси худи онҳо пешниҳод карда шудааст ва дар ҳолати зарурӣ додани тавсия ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти фармоишгар;
– ба ташкилоти фармоишгари дахлдор барои санҷиш ва арзёбӣ ирсол намудани пешниҳодҳои дархостнашаванда ё пешниҳодҳои бо ташаббуси худ пешниҳодгардидае, ки Шӯро қабул намудааст;
– муқаррар намудани мӯҳлати додани розигӣ ба пешниҳоди пешакӣ оид ба лоиҳаҳои шарикӣ, дархостҳо барои манзур кардани пешниҳодҳо ва бастани cозишномаҳо, инчунин давра ба давра таҷдиди назар намудани онҳо.
– пеш аз қабули қарор оид ба ҳар Созишнома ба ташкилоти фармоишгар ё мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё мақоми танзимкунанда гузаронидани таҳқиқоти заруриро вогузор намояд;
– аз ташкилоти фармоишгар, мақоми танзимкунанда, шарики хусусӣ, мақоми давлатӣ ва ё шахсони воқеию ҳуқуқӣ пешниҳод намудани иттилоот, ҳуҷҷатҳо, тафсилот ва дигар маълумоти вобаста ба лоиҳаи шарикиро талаб намояд;
– ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани ёрии иловагии тахассусӣ ё техникӣ дар асоси супориши техникии маъқулдонистаи Шӯро супориш диҳад;
– ҳангоми гузаронидани санҷиш, таҳлил ва мониторинги лоиҳаи шарикӣ иштирок намояд.
1) Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
2) Амалӣ намудани фаъолият ба сифати котиботи Шӯро, пешбурди коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии ҷаласаҳои Шӯро.
3) Муайянсозии масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ба баррасии Шӯро пешниҳод намудани онҳо.
4) Таҳияи дастурҳои техникӣ-методологӣ барои лоиҳаи шарикӣ.
5) Ҳамоҳангсозӣ ва расонидани кӯмак ба ташкилотҳои фармоишгар оид ба лоиҳаҳои шарикӣ.
6) Таъмин намудани омӯзиши ташкилотҳои фармоишгар нисбат ба ташаббусҳои шарикӣ.
7) Баррасии асосноккунии техникию иқтисодии ибтидоие, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар пешниҳод шудааст.
8) Тибқи дархости ташкилоти фармоишгар расонидани кӯмак ҳангоми таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шарикии пешниҳодшуда.
9) Баррасӣ намудани лоиҳаи пешакии шарикӣ бо асосноккунии техникию иқтисодии замимагардида, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар таҳия гардидааст ва додани тавсия ба ташкилоти фармоишгари дахлдор дар мавриди он ки лоиҳаи пешниҳодшуда барои ташкилоти фармоишгар тибқи механизми оқилона мебошад ва ба талаботи зерин ҷавобгӯ аст:
а) риояи таносуби нарх ва сифат;
б) имконпазирии татбиқи он.
10) Ба Шӯро додани тавсияҳо оид ба пешниҳодҳои пешакии манзуршуда ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шарикӣ.
11) Баррасии дархостҳои расмии ташкилоти фармоишгар барои изҳор намудани манфиатдорӣ ба ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ.
12) Баррасии ҳисоботҳои интихоби пешакии пешниҳоднамудаи ташкилоти фармоишгар.
13) Ба Шӯро додани тавсияҳо оид ба дархости ташкилоти фармоишгар дар асоси таҳлили пурраи ҳуқуқӣ ва молиявии ҳар як Созишномаи пешниҳодгардида, аз ҷумла таҳлили сабукиҳо ё имтиёзҳое, ки аз тараф ё аз номи ташкилоти фармоишгар ба бахши хусусӣ дода шудаанд.
14) Таҳияи тавсияҳо нисбат ба cозишномаҳое, ки мутобиқи моддаи 21 Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба Шӯро пешниҳод шудаанд.
15) Гузаронидани мониторинги лоиҳаҳои татбиқшавандаи шарикӣ, ки ташкилотҳои фармоишгар идора мекунанд.
16) Бе таъхир пешниҳод намудани ҳисобот аз рӯи дархости Шӯро нисбат ба фаъолияти ташкилоти фармоишгар оид ба идораи лоиҳаҳои шарикӣ ҳангоми ба миён омадани мушкилот дар гузаронидани тендер, бастани Созишнома ё татбиқи ҳар лоиҳаи шарикӣ.
17) Дар мавриди зарурӣ таҳия намудани:
а) супоришҳои стандартии техникӣ барои мушовирони аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ҷалбшуда;
б) ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ;
в) муқаррароти стандартии Созишнома.
18) Иҷро намудани дигар вазифаҳо, дастуру супоришҳои Шӯро дар доираи Қонуни мазкур.
асоснокунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои шарикӣ
– ба мақоми ваколатдори давлатӣ тафсилоти тағйироти пешниҳодшаванда, аз ҷумла дархост оид ба мақсадҳо ва таъсири тағйироти пешниҳодшаванда ба даромаднокӣ, таносуби нарх ва сифат ва арзёбии таҳвили хавфҳои дар асосноккунии техникию иқтисодӣ мавҷудбударо пешниҳод менамояд;
– ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ирсол намудан ба Шӯро лоиҳаи тағйирдодашудаи асосноккунии техникию иқтисодиро пешниҳод намояд.
Ташкилоти фармоишгар:
– ӯҳдадориҳои асосӣ оид ба идораи марҳилаи муайянкунии лоиҳаи шарикӣ, гузаронидани тендер, бастани Созишнома ва татбиқи ҳар як лоиҳаи шарикиро дар доираи ваколатҳои худ иҷро мекунад;
– дастурҳои Шӯроро нисбат ба идораи ҳар марҳилаи лоиҳаи шарикӣ риоя карда, барои иҷрои он мусоидат менамояд. Чунин дастурҳо танҳо баъди машварат бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти фармоишгари дахлдор дода мешаванд;
– мутобиқи қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур дафтари расмиёти интихоб дорад ва онро мутобиқи моддаи 26 Қонуни мазкур нигоҳ медорад;
– стратегияи баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолиро оид ба вазифаҳо, сохтор ва ҷараёни иҷрои ҳар як лоиҳаи шарикӣ таҳия ва татбиқ менамояд;
– ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва Шӯро оид ба идораи лоиҳаҳои шарикии татбиқшаванда, марҳилаи гузаронидани тендер, марҳилаи бастани Созишнома ва марҳилаи татбиқи ҳар як лоиҳаи шарикӣ ҳисоботи семоҳа ва солона пешниҳод менамояд;
– барои арзёбӣ намудани пешниҳодҳо мутобиқи қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур комиссияи арзёбӣ таъсис медиҳад.
– адолатнокӣ – ҳуқуқҳои баробари ҳамаи иштирокчиёни тендер, воқеъбинӣ ва беғаразӣ ҳангоми интихоби шарики хусусӣ, шарикии мутақобилан фоиданоки давлат ва бахши хусусӣ, тақсимоти мувофиқашудаи ваколатҳо, ҷавобгарӣ ва хатарҳо;
– баробарӣ – ҷавобгарии баробари давлат ва шарики хусусӣ дар назди қонун;
– беғаразӣ – холисона гузаронидани тендер ва интихоби ғолиби тендер;
– шаффофият – дастрасии баробар ба маълумот барои бахши хусусӣ ва ҷамъият дар ҳамаи марҳилаҳои тендер бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– рақобати солим – мавҷуд набудани маҳдудият ва поймолкунии ҳуқуқи иштирок дар тендер;
– волоияти Қонун – иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, бахши хусусӣ ва дигар шахсони манфиатдор ҳангоми баргузории тендер.
– тавсифи лоиҳаи шарикӣ;
– зикри унсурҳои ҳатмии лоиҳаи шарикӣ;
– хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шарики хусусӣ пешниҳод карда мешаванд;
– чорабиниҳои молиявие, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар пешбинӣ мешаванд;
– тавсифи мухтасари шартҳои асосии ҳатмии Созишнома;
– усул ва ҷойи пешниҳоди дархост барои интихоби пешакӣ ва мӯҳлати пешниҳод, сана ва вақте, ки ба иштирокчиёни тендер барои омодасозӣ ва пешниҳод намудани дархости изҳори манфиатдорӣ мӯҳлат медиҳад;
– усул ва ҷойи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ;
– дархости дахлдор дар хусуси он ки ташкилоти фармоишгар ҳуқуқ дорад пешниҳодро баъди ба анҷом расидани расмиёти интихоби пешакӣ танҳо аз миқдори маҳдуди иштирокчиёни тендер, ки ба меъёрҳои интихоби пешакӣ бештар ҷавбгӯ мебошанд, талаб намояд.
– меъёрҳои интихоби пешакӣ;
– имконпазирии иштироки консорсиумҳо;
– маҳдудиятҳо, агар онҳо нисбат ба шумораи иштирокчиёни пешакӣ интихобгардидаи тендер барои супоридани пешниҳодҳо баъди баанҷомрасии расмиёти интихоби пешакӣ мавҷуд бошанд ва ҳангоми зарурат усуле, ки мутобиқи он интихоби мазкур сурат мегирад;
– имконпазирии таъсиси шахси ҳуқуқии мустақили довталаби афзалиятдошта бо дархости ташкилоти фармоишгар мутобиқи моддаи 27 Қонуни мазкур.
Меъёрҳои мутобиқати иштирокчӣ (довталаб) барои гузаштан аз расмиёти интихоби пешакӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр шудаанд:
– доштани тахассуси дахлдори касбию техникӣ ва захираҳои инсонию моддие, ки барои иҷрои ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи шарикӣ зарур аст;
– доштани қобилияти дахлдори идоракунӣ, ташкилотчигӣ, эътимоднокӣ ва таҷрибаю малака, аз ҷумла таҷрибаи корӣ дар соҳаи татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ;
– доштани қудрати дахлдори молиявӣ барои маблағгузорӣ ва ё таҷриба дар ташкили маблағгузорӣ ва сармоягузориҳои зарурӣ барои лоиҳаи шарикӣ;
– иштирок накардан дар баҳсҳои судӣ аз лаҳзаи супоридани пешниҳоди лоиҳавӣ, ки метавонад ба қобилияти иштирокчӣ (довталаб) ҷиҳати татбиқи лоиҳаи шарикӣ таъсири манфӣ расонад.
– пешниҳодҳои тендерии муайянкунандаи имконияти шарики хусусӣ оид ба татбиқи самаранок, идора, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ нисбат ба лоиҳаи шарикии манзуршуда;
– дар мавриди зарурат иттилоот оид ба таҳлили қаноатбахши анҷомдодаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо машварати ташкилоти фармоишгари манфиатдор нисбат ба иқтидор ва тахассусҳои шарикони хусусии интихобгардида барои баанҷомрасонии лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида;
– таҳия ва татбиқи стратегияи иттилоотонии ҷомеа оид ба шиносоии аҳли ҷомеа бо вазифа, сохтор ва рафти иҷрои лоиҳаи шарикие, ки ташкилоти фармоишгар пешниҳод намудааст.
Дархост барои супоридани пешниҳодҳо маълумоти зеринро дар бар мегирад:
– маълумоти умумие, ки мумкин аст аз ҷониби иштирокчии (довталаби) тендер барои омодасозӣ ва супоридани пешниҳоди онҳо талаб карда шавад;
– меъёрҳо барои арзёбии пешниҳодҳои техникӣ ва пешниҳодҳои техникии ҳадди ниҳоӣ, ба шарте, ки онро ташкилоти фармоишгар барои муайян кардани пешниҳодҳои номатлуб муқаррар карда бошад, ҳаҷми қиёсӣ, ки барои ҳар меъёр ва усули арзёбии меъёрҳо ва ҳадҳо ҳангоми арзёбӣ ва рад намудани пешниҳодҳо истифода мешаванд;
– санаи пешниҳодҳоро супоридани иштирокчиёни тендер, ки барои омода намудан ва супоридани онҳо мутобиқи таҳрири ниҳоии дархост барои супоридани пешниҳодҳо мӯҳлати кофӣ муқаррар менамояд.
– бозхондан ё тағйир додани пешниҳод баъди гузаштани мӯҳлати муайян;
– қодир набудан ба имзо кардани Созишнома, агар ин аз ҷониби ташкилоти фармоишгар баъди он ки пешниҳод қабул гардидааст, талаб карда шавад;
– қодир набудан ба пешниҳод кардани таъминоти зарурӣ барои иҷрои Созишнома баъди он ки пешниҳод қабул карда шудааст ё ба қонеъ гардонидани дигар шартҳо қабл аз баимзорасонии Созишнома, тавре ки дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо зикр гардидааст.
– асосноккунии техникӣ;
– мутобиқат ба меъёрҳои экологие, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд;
– амалан иҷрошаванда;
– сифати хизматрасониҳо ва чорабиниҳо барои таъмини муттасилии онҳо;
– нақша ва ҷадвали татбиқи лоиҳаи шарикӣ.
– аҳамияти ҷории пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, арзиши як воҳид ва дигар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар муддати тамоми амали Созишнома;
– асосноккунии пардохтҳои бевоситаи пешниҳодкардаи ташкилоти фармоишгар;
– аҳамияти воқеии хароҷоти фаъолият оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмон ва хароҷоти амалиётии солона, инчунин пардохти ҳаққи хизматрасонӣ;
– ҳаҷми маблағгузорие, ки аз ҷониби мақоми танзимкунанда ба нақша гирифта шудааст ё ворид мегардад;
– асоснокии амалиёти молиявии пешниҳодшуда;
– иқтидори рушди иҷтимоию иқтисодие, ки дар пешниҳодҳои тендерӣ зикр шудааст.
Ташкилоти фармоишгар бо назардошти розигии Шӯро ва баъди гирифтани тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад доир ба Созишнома бе истифодаи расмиёте, ки моддаҳои 9-21 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд, дар ҳолатҳои зерин ба музокирот оғоз намояд:
– ҳангоми зарурати хизматрасонии муттасили фаврӣ, инчунин дар ҳолатҳое ки иҷрои меъёрҳои муқаррарнамудаи боби мазкур мувофиқи мақсад намебошад, ба шарте, ки чунин ҳолатҳои ба миён овардани зарурати фавриро ташкилоти фармоишгар наметавонист пешбинӣ намояд ва ин ҳолат натиҷаи кашолкории ташкилоти фармоишгар намебошад;
– дар сурати чандон тӯлонӣ набудани мӯҳлати лоиҳаи шарикӣ ва ҳангоме, ки маблағи пешакии сармоягузориҳои чашмдошт аз маблағи зикрнамудаи Шӯро зиёд намебошад;
– вақте ки лоиҳаи шарикӣ ба масъалаҳои мудофиаи миллӣ ё амнияти ҷамъият дахл мекунад;
– дар сурати вуҷуд доштани танҳо як манбае, ки ба пешниҳод кардани хизматрасонии зарурӣ қодир аст, аз ҷумла ба хизматрасониҳои истифодаи моликияти зеҳнӣ, сирри тиҷоратӣ ё дигар ҳуқуқҳои истисноие, ки дар ихтиёр ё таҳти назорати шахси (шахсони) муайян қарор доранд;
– вақте ки ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ё дархост барои супоридани пешниҳодҳо манзур шуда бошанд, вале ҷавоби онҳо гирифта нашуда бошад ё вақте ки ҳамаи пешниҳодҳо меъёрҳои арзёбии дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо зиркгардидаро қонеъ карда натавониста бошанд ва агар, ба ақидаи ташкилоти фармоишгар, додани ҳуҷҷатҳои нави тендерии интихоби пешакӣ ва дархости нав барои супоридани пешниҳодҳо ба супоридани қарордод дар мӯҳлати тақозошаванда имкон надиҳад;
– дар дигар ҳолатҳое, ки Шӯро чунин истисноро бинобар сабабҳои асосноки манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ тасдиқ мекунад ё дар ҳолатҳое, ки ба манфиати мақоми маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дониста мешавад.
Агар музокирот оид ба созишномаҳо бе гузаронидаи тендер доир карда шавад, ташкилоти фармоишгар:
– асосноккунии техникию иқтисодии пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодиро тибқи дастури Шӯро, ки бо риояи талаботи сархати дуюми моддаи 8 Қонуни мазкур дода шудааст, анҷом медиҳад;
– ғайр аз созишномаҳое, ки музокирот доир ба онҳо мутобиқи сархати сеюми моддаи 22 гузаронида мешаванд, дар хусуси қарори оғоз намудани музокирот нисбат ба Созишнома огоҳинома ирсол менамояд, ки он бо усули пешакӣ мувофиқашуда интишор карда мешавад;
– аз рӯи имкон бо шахсоне, ки онҳоро ба татбиқ намудани лоиҳаи шарикӣ қодир меҳисобад, бо иштироки намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ музокирот доир менамояд;
– меъёрҳои арзёбиеро муқаррар менамояд, ки мутобиқи онҳо пешниҳодҳо арзёбӣ ва дараҷабандӣ карда мешаванд.
Ташкилоти фармоишгар ҳуҷҷатҳои дахлдореро, ки ба расмиёти интихоб ва супоридани қарордод дахл доранд, дар муддати на камтар аз мӯҳлати амали Созишнома нигоҳ медорад.
– бевосита аз ҷониби тарафи манфиатдор барои иштирок дар лоиҳаи шарикӣ таҳия ва пешниҳод гардида бошад;
– барои аҳли ҷомеа манфиатнок бошад;
– бидуни иштироки мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилоти фармоишгар таҳия гардида бошад;
– барои ташкилоти фармоишгар ҷиҳати аз ҷониби ташкилоти фармоишгар таҳия гардидани ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодӣ ба қадри кофӣ тафсилот ва иттилоот дошта бошад.
Дар Созишнома ҳама масъалаҳое, ки тарафҳо зарур меҳисобанд, аз ҷумла масъалаҳои зерин ҳатман дарҷ карда мешаванд:
1) Хусусият ва ҳаҷми кору хизматрасониҳое, ки шарики хусусӣ пешниҳод мекунад.
2) Шартҳои пешниҳод намудани хизматрасонӣ ва дараҷаи истисноии онҳо, ҳуқуқҳои шарики хусусӣ дар Созишнома.
3) Кӯмаке, ки ташкилоти фармоишгар метавонад дар гирифтани иҷозатномаҳо ва иҷозатҳо ба дараҷае, ки он барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур аст, пешниҳод намояд.
4) Баргардонидани дороиҳо ба ташкилоти фармоишгар баъд аз қатъ гардидан ё ба охир расидани мӯҳлати амали Созишнома бо тартиби муайянкардаи Созишнома.
5) Тартиби баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои техникӣ, нақшаҳо ва тафсилоти сохтмон аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ва расмиёти озмоиш ва санҷиши хотимавӣ, тасдиқ ва қабули лоиҳаи шарикӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои шарикии бахши инфрасохторӣ.
6) Ҳуқуқҳои ташкилоти фармоишгар ё мақомоти танзимкунанда:
а) гузаронидани мониторинги иҷрои корҳо, хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шарики хусусӣ пешниҳод карда мешаванд;
б) шартҳо ва дараҷае, ки ташкилоти фармоишгар ё мақоми танзимкунанда метавонад ба он ворид намудани тағйиротро оид ба корҳо ва шартҳои хизматрасонӣ талаб намояд;
в) андешидани дигар тадбирҳои бомулоҳиза, ки ба ақидаи онҳо, барои дуруст фаъолият намудани лоиҳаи шарикӣ қобили қабул мебошанд;
г) андешидани чораҳо мутобиқи талаботи ҳуқуқӣ ва шартномавӣ.
7) Сатҳе, ки оид ба он шарики хусусӣ ӯҳдадор аст ба ташкилоти фармоишгар ё мақомоти танзимкунанда ҳисобот ва дигар иттилоотро оид ба фаъолияти худ пешниҳод кунад.
8) Механизмҳо барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба хароҷоти иловагӣ ва дигар оқибатҳое, ки метавонанд дар натиҷаи ягон дастур аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ ба вуҷуд оянд, аз ҷумла ҳар гуна ҷубронҳое, ки шарики хусусӣ ҳуқуқи ба онҳо даъво карданро дорад.
9) Ҳуқуқи ташкилоти фармоишгар ба баррасӣ ва тасдиқ намудани қарордодҳои асосие, ки шарики хусусӣ ба имзо мерасонад, аз ҷумла бо иштироки шарики хусусӣ ё дигар шахсони вобаста.
10) Кафолати иҷрои лоиҳаи шарикӣ, ки бояд пешниҳод карда шавад ва полисҳои суғуртавие, ки бояд шарики хусусӣ барои татбиқ намудани лоиҳаи шарикӣ дошта бошад.
11) Воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ дар сурати аз ҷониби яке аз тарафҳо иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо.
12) Шартҳои озод кардани тарафҳо аз масъулияти қодир набудан барои иҷрои ӯҳдадориҳо ё ба таъхир гузоштани ҳамаи ӯҳдадориҳое, ки берун аз доираи механизми оқилонаи он қарор доранд.
13) Мӯҳлати амали Созишнома, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо баъди гузаштани мӯҳлат ё қатъ гардидани он.
14) Усули ҳисобкунии зарару ҷуброн мутобиқи моддаи 43 Қонуни мазкур.
15) Ҳуқуқ ва механизмҳои истифодашавандаи танзими баҳсҳое, ки метавонанд байни фармоишгар ва шарики хусусӣ ба миён оянд.
16) Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо нисбат ба иттилооти махфӣ.
17) Шартҳои дахлдори молиявӣ.
18) Тақсими хавфҳо байни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ.
19) Ба шарики хусусӣ пардохт намудани ҷубронпулӣ аз ҳисоби буҷети дахлдор ё пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, ки шарики хусусӣ барои хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 32 Қонуни мазкур анҷом додааст.
20) ӯҳдадориҳои бахши хусусӣ барои иҷро ё татбиқи лоиҳаи шарикӣ, хавфҳои молиявӣ, техникӣ ё амалиётӣ иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё истифодаи моликияти давлатӣ ва гирифтани пардохтҳо барои хизматрасонӣ.
Ҳар як Созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад, агар дар Созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
– дороиҳое, ки моликияти давлатӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд;
– дороиҳое, ки моликияти шарики хусусӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд.
– дороиҳое, ки онҳоро шарики хусусӣ бояд ба ташкилоти фармоишгар ё дигар шахсе, ки ташкилоти фармоишгар зикр намудааст, мутобиқи шартҳои Созишнома баргардонад ё супорад;
– дороиҳое, ки ташкилоти фармоишгар бо салоҳдиди худ метавонад аз шарики хусусӣ харида гирад;
– дороиҳое, ки шарики хусусӣ то ба анҷом расидани мӯҳлати амал ё то бекор гардидани Созишнома метавонад нигоҳ дорад ё ихтиёрдорӣ кунад.
– таъминот нисбат ба молу мулки манқул ё ғайрманқуле, ки ба шарики хусусӣ тааллуқ дорад ё манфиатҳои он дар дороиҳои лоиҳаи шарикӣ;
– гарави даромадҳои оянда ва қарзҳои дебиторӣ дар назди шарики хусусӣ барои иҷрои лоиҳаи шарикӣ.
– тағйир додани лоиҳаи шарикӣ бо мақсади таъмин намудани мутобиқати он бо эҳтиёҷоти аҳолӣ дар лоиҳаи шарикӣ;
– муттасилии лоиҳаи шарикӣ;
– пешниҳод намудани лоиҳаи шарикӣ бо шартҳои усулан якхела барои ҳамаи истифодабарандагон;
– дастрасии баробарҳуқуқӣ бидуни табъиз ва дар мавриди зарурат, барои дигар пешниҳодкунандагони хизматрасонӣ ба ҳамаи лоиҳаҳои шарикӣ, ки бахши хусусӣ татбиқ менамояд.
Дар Созишнома ҳуқуқи шарики хусусӣ оид ба ҷуброн нишон дода мешавад, ба шарте ки хароҷоти иҷрои шарики хусусӣ дар Созишнома ба таври назаррас афзуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷро ба даст меорад, дар натиҷаи тағйирот дар қонунгузорӣ ё дигар тадбирҳои танзими давлатие, ки бевосита ба лоиҳаи шарикӣ дахл доранд, дар муқоиса бо хароҷот ва арзиши қаблан пебинишуда кам шуда бошад.
1) Тағйирот дар шартҳои иқтисодӣ ё молиявӣ.
2) Тағйирот дар қонунгузорӣ ё муқаррароти танзимкунандае, ки бевосита нисбат ба лоиҳаи шарикӣ татбиқшаванда намебошанд, ба шарте ки тағйироти иқтисодӣ, молиявӣ, қонунгузорӣ ё меъёрӣ:
а) пас аз бастани Созишнома ба вуҷуд меоянд;
б) берун аз доираи назорати шарики хусусӣ қарор доранд;
в) чунин хислате доранд, ки шарики хусусӣ натавонистааст онҳоро ҳангоми бастани Созишнома бо мулоҳиза тахмин кунад ё ба инобат гирад ё ин ки оқибати онҳоро пешгирӣ ё рафъ намояд.
– даромадеро, ки предмети гарави қонеъ гардонидани ҳама гуна ӯҳдадориҳо мебошад, ҷамъ меоварад ва пардохт менамояд;
– лоиҳаи шарикиро рушд медиҳад ва истифода менамояд, пардохти ҳаққи хизматрасониро муқаррар менамояд ва ба қарордоди кунунии хизматрасонӣ мутобиқ кунад;
– метавонад ҳангоми зарурат пешниҳодҳои лоиҳавиро барои сохтмон, хизматрасонии техникӣ ё истифодабарии лоиҳаи шарикӣ пешбинӣ намояд.
Мӯҳлати амали Созишнома дар Созишнома муайян карда мешавад. Ташкилоти фармоишгар метавонад ба тамдиди мӯҳлати амали Созишнома ба истиснои ҳолатҳое, ки натиҷаи яке аз ҳолатҳои зерин мебошанд, розӣ нашавад:
– мавқуф гузоштан, ба анҷом расондан ё боздошта шудани истифодаи лоиҳаи шарикӣ дар натиҷаи ҳолатҳое, ки берун аз доираи назорати бомулоҳизаи тарафҳо қарор доранд;
– боздоштани лоиҳаи шарикӣ дар натиҷаи амалҳои ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ;
– зиёд шудани хароҷоти вобаста ба талаботи ташкилоти фармоишгар, ки дар ибтидо дар Созишнома пешбинӣ нашудааст, агар бахши хусусӣ чунин хароҷотро бе тамдиди мӯҳлат баргардонида натавонад;
– дар мувофиқа бо шарики хусусӣ, бо сабаби вобаста ба манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои маҳфуздорандаи ташкилоти фармоишгар асоснок карда шудаанд.
– агар интизор шудани он ки шарики хусусӣ ӯҳдадориҳояшро бинобар қодир набудан, иҷро накардани ӯҳдадориҳои моддӣ ё бо сабабҳои дигар иҷро карда наметавонад ё ба мақсад мувофиқ набошад;
– сабабҳои рафънопазири манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ, ба ҷуброн кардани зиёни шарики хусусӣ, тавре ки ин дар Созишнома пешбинӣ гардидааст.
– ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ ӯҳдадориҳои моддиашро дар доираи Созишнома иҷро накунад;
– шартҳои таҷдиди назар кардани Созишнома мутобиқи моддаи 40 Қонуни мазкур риоя гардида, вале тарафҳо вобаста ба таҷдиди назари Созишнома ба мувофиқа нарасида бошанд;
– хароҷоти иҷрои Созишнома аз ҷониби шарики хусусӣ ба таври назаррас зиёд шуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷрои Созишнома ба даст меорад, дар натиҷаи амал ё беамалии ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ хеле кам шуда бошад, инчунин агар тарафҳо натавониста бошанд дар мавриди таҷдиди назар намудани Созишнома ба мувофиқа расанд.
Дар Созишнома тартиби ҷуброни зиёни тарафҳо қайд карда мешавад, ки он дар ҳолати бекор кардани Созишнома ҳисоб карда мешавад ва дар мавриди зарурӣ ҷуброни воқеии арзиши корҳои дар доираи Созишнома иҷрошуда, хароҷот ё талафоти анҷомдодаи тарафҳо, аз ҷумла фоидаи аздастдода пешбинӣ карда мешавад.
Ташкилоти фармоишгар барои аз ҷониби шарики хусусӣ ба таври зарурӣ таъмин намудан, амалӣ кардан, идора, иҷро, мониторинг, инчунин пешниҳод намудани ҳисоботҳо оид ба Созишнома масъул аст.
Созишнома дар ҳолати зарурӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:
– механизм ва расмиёти таҳвили дороии ташкилоти фармоишгар дар ҳолати барҳамдиҳӣ;
– ҷуброне, ки шарики хусусӣ метавонад нисбат ба молу мулки ба ташкилоти фармоишгар ё бахши хусусии нав супурдашуда ё ба молу мулки харидоринамудаи ташкилоти фармоишгар, ҳуқуқ дошта бошад;
– таҳвили технологияе, ки барои фаъолияти лоиҳаи шарикӣ зарур аст;
– ба ҳайати кормандони ташкилоти фармоишгар ё вориси шарики хусусӣ омӯзонидани масъалаҳои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии лоиҳаҳои шарикӣ;
– аз ҷониби шарикони хусусӣ таъмин намудани хизматрасониҳо ва захираҳои иловагӣ, аз ҷумла таҳвили қисмҳои эҳтиётӣ, дар мавриди зарурат, дар мӯҳлати қобили қабул баъди супоридани лоиҳаи шарикӣ ба ташкилоти фармоишгар ё вориси шарики хусусӣ.
– муайян кардани меъёрҳои ниҳоӣ, ки бо раванди тендер алоқаманд мебошанд;
– ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба гузаронидани тендер ва музокироти мустақим;
– муайян кардани механизмҳои танзими баҳсҳо мутобиқи Қонуни мазкур;
– ҷорӣ намудан, таҷдиди назар кардан ва ситонидани пардохти ҳаққи хизматрасонӣ.
– бе розигии Шӯро ва мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар бобҳои 2 ва 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, бо шарики хусусӣ ба Cозишнома ҳамроҳ шавад;
– бар хилофи дастурҳои Шӯро, ки мутобиқи сархати дуюми моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо шарики хусусӣ ба Созишнома ҳамроҳ шавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Қонуни мазкур пас аз се моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
28 декабри соли 2012, № 907
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2012, № 915
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012, № 439