АЗ ТАЪРИХИ ВАШГИРДИ БОСТОНӢ
Ин мақола ба қалами олими ҳамдиёри мо Шамсиддин Нуриддинов тааллуқ дорад.
Бори нахуст дар асоси таҳқиқ ва тавзеҳи олими англис Маркварт муҳаққиқи рус В.Ф.Минорский дар шарҳи бо асари географӣ-таърихии “Ҳудуд-ул олам” додааш, Вишгардро ҳамчун шаҳри қадимӣ-афсонавии Весигард ё Веса (ки дар қисмати “Яшт”-и “Авесто” омадааст), маънидод намуда, исбот мекунад, ки харобаҳои шаҳри мазкур дар ҳудуди райони ҳозираи Файзободи РСС Тоҷикистон дар самти чапи ҷараёни дарёи Кофарниҳон воқеъ гардидааст. Муҳаққиқи мазкур ба шаҳодати фикри худ, маълумоти географи арабизабон – Ал-Истахриро дар хусуси аз Вишгард басамти шарқ дар масофаи якрӯза воқеъ будани Элок ва қад-қади ин роҳ, ҷараён доштани дарёчаи Элокро қайд кардааст. Ин ақидаро минбаъд тамоми муҳаққиқон дастгирӣ намудаанд. Аз он ҷумла таърихшиносон ва бостоншиносони машҳури шӯравӣ, мисли В. В. Бартолд, Б. Ғафуров, А.М.Белинский ва дигарон дар ҳудуди ноҳияи Файзободи ҳозира будани харобаҳои Вишгарди қадимиро дар асарҳои худ нишон додаанд.
Чунон ки мушоҳида кардаем, тавзеҳи В. Ф. Минорский дар хусуси мавқеи ҷуғрофии шаҳри бостонии Вишгард комилан саҳеҳ ба назар мерасад.
Дар маълумоти мухтасари муаллифи “Ҳудуд-ул-олам” ду ҷузъиёти муҳим: “Андар миёни кӯҳ, ва саҳро ниҳода шудани шаҳри Вишгард” ва “Андар он (шаҳр) ҳамеша бод ояд” маълум аст, ки саҳеҳ будани ақидаи Минорский дар хусуси ҳақиқатан дар ҳудуди ноҳияи ҳозираи Файзобод воқеъ будани харобаҳои Вишгарди қадим далели равшан ва боэътимод аст.
Маълумоти ду муаллифи мазкур оид ба зиёд рӯидани гиёҳи заъфарон дар Вишгард низ ҷолиби диққат аст. Ал-Истахрӣ Вишгардро ба гурӯҳи шаҳрҳои вилояти Чағониёни Мовароуннаҳр дохил карда менависад: ”Вишгардро дар ҷумлаи Чағониён ва Хутталро дар ҷумлаи Мовароуннаҳр ниҳодем, ба сабаби он ки дар миёни Вахшоб аст ва Чарёб”…
Ва рӯди Вахш (дарёи Вахши имрӯза) аз Туркистон берун ояд, (дар қадим тамоми вилоятҳои самти чапи Амударёро Туркистон мегуфтанд) ва ба замини Вахш расад, ба наздикии кӯҳе ва он ҷойгоҳ пуле бар ин об сохтаанд”, (Пули Сангини Норакро дар назар дорад), андар миёни Хатлон ва ҳадди Вошҷирд (Вошҷирд чанди Тирмиз бувад, яъне бо Тирмиз баробар) ва аз Шумон бузургтар. Ва аз ҳадди Вишгард то Шумон, то наздикии Чағониён заъфарон хезад”.
Чунон ки мушоҳида кардем, Ал-Истахрӣ Вишгардро аз шаҳрҳои вилояти Чағониён дониста, онро шаҳре медонад баробари Тирмиз ва аз Ҳисор бузургтар. Ҳамчунин аз ин маълумот равшан мегардад, ки дар асри X Пули Сангин сарҳади табиии байни Хутталон ва Вишгард дониста шуда, ҳанӯз аз он замонҳо хоки имрӯзаи Файзобод ва аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ ва тақсимоти ҳудудӣ ба Чағониён тааллуқ доштааст.
Маълумоти зерини Ал-Истахрӣ доир ба фосилаи байни шаҳрҳои ҳамонвақтаи соҳили чапи дарёи Ому бори дигар дар ҳудуди Файзободи ҳозира будани шаҳри қадимии Вишгардро ниҳоят дақиқ муайян мекунад.
Чунончи ӯ мефармояд: “Аз Тирмиз то Чарманкон як марҳала ва аз он ҷо ба Дорзангӣ як марҳала ва аз Дорзангӣ ба Чағониён ду марҳала … (Аз Шумон (Ҳисори ҳозира) то Андиён (Андигони ноҳияи Кофарниҳон) якрӯза роҳ, аз Андиён то Вишгард якрӯза, аз Вишгард то Илок (Элок) якрӯза ва аз Илок то Дарбанд (тақрибан Обигарм) якрӯза ва аз Дарбанд то Говгон якрӯза ва аз Говгон то Қалъа дурӯза ва аз Чағониён то Зинур як марҳала ва аз Чағониён то Буроб як марҳала, аз Чағониён то Дегдашт шаш марҳала, аз Қабодиён то Чағониён се марҳала, аз Вишгард то Пули Сангин якрӯза роҳ”.
Ҳоло барои боз ҳам равшантар гардидани асли мақсад тарҷумаи чанде аз он маълумотҳоро ба таври иқтибос айнан меорем, чунончӣ:
Ибни Ҳавқал – ”Вошҷирд аз музофоти Чағониён аст, баробари Тирмиз. Аз Вошҷирд ба Шумон то наздикии Чағониён ҳама заъфарон аст, чунонки ба ҷойҳои дигар баранд». Ин муаллиф дар мавриди дигар навиштааст: “Роҳи Чағониён ба Хуттал чунин аст: аз Чағониён ба тарафи Вошҷирд то Шумон ду марҳала ва аз он ҷо то Андиён як рӯз ва аз он ҷо то Вошҷирд як рӯз ва аз Вошҷирд то Элок як рӯз, аз Элок то Дарбанд як рӯз, аз Дарбанд то Чувакон (Говгон) як рӯз, аз Чувакон то Қалъа як рӯз ва аз Қалъа то Рашт (Ғарми имрӯза) як рӯз ва Вошҷирд то Пули Сангин як рӯз”. Маълумоти дигари ин муаллиф роҷеъ ба иқтисоду содироти водии байни (Чағониён) ва Вишгард низ ниҳоят ҷолиб буда, шаҳодат медиҳад, ки ноҳияи мазкур яке аз марказҳои асосии саноатӣ ва тиҷоратӣ будааст.
“Ва аз Чағониён то Вишгард заъфарон, пӯсти самур, санҷоб, рӯбоҳ ва ҳоказо, инчунин (маснуоти оҳании шигифтангез) ва бозҳои баландпарвоз ва қоғаз, дирҳаму чизҳои дигар, ки эҳтиёҷи подшоҳон бар он афтад, истеҳсол шавад”.
Инби Русто: “… дар ин ҷо (дарёи Вахшро дар назар дорад) Пули машҳури сангин вуҷуд дорад, ки ба василаи он аз Вишгард ба Хуттал мегузаранд. Ин вилоят (яъне Хатлон) барои шахсе, ки дар муқобили ҷараёни Вахш истодааст, аз тарафи дасти рост ва вилояти Вишгард ба дасти чап воқеъ гардидааст”.
Абдуррашид ал-Бокувӣ: ”Дар ин ҷо дарёи Ҷайҳун, ки аз Бадахшон сарчашма дорад, ҷорист: дар ҳудуди Хуттал боз чандин дарёчаҳои Ал-Буттам, Сағониён (Чағониён) ва оби Вахшоб, ки аз Туркистон ба замини Вахш, аз тариқи кӯҳ ва зери пуле, ки дар тангнои дара сохта шудааст, ҷорӣ мешавад. Ин пул сарҳади байни Хуттал ва Вишгард мебошад”.
Аксари навиштаҷоти муаллифони дигар дар такрори Ал-Истахрӣ ва ё сарчашмаҳои дигар дида, бо зикри онҳо ҳоҷат нест. Дар ин миён танҳо маълумотҳои Ибни Ҳурдодбеҳ ва Абурайҳони Берунӣ ҷолиби диққат аст. Ибни Ҳурдодбеҳ, дар асри IX аз ҳазор дирҳам иборат будани хироҷи Вишгард ва 48 ҳазор дирҳамро ташкил кардани хироҷи умумии Чағониёнро хабар додааст, ки дар асоси ин ҳуҷҷат мутахассисон метавонанд вазъи умумии иқтисодии онрӯзаи Чағониёну Вишгардро муайян намоянд.
Абдурайҳони Берунӣ дар “Китоб-фи-ал-ҷавоҳир” (Минералогия) назар ба гуфтаи Наср ибни Яъқуби Динварӣ дар хусуси санги гаронбаҳои аметист (Лаъли кабуд ва бунафшаранг) маълумот дода, қайд кардааст, ки манбаи фаровонии лаъли мазкур дар Вошҷирд, дар сарҳади Чағониён дар ҳамвории дарёчаи мавсум ба Рамуз (Кофарниҳони имрӯза) пайдо карда шудааст. Вале ранги лаъле, ки дар ин ҷо истеҳсол мешавад, тира буда, калонтарин тутаҳои он то 2 ратл вазн дорад, мавҷуд аст.
Яъқубӣ ва Кудома доир ба фосилаи байни шаҳрҳои Чағониён маълумот дода, масофаи байни Шумон ва Вишгардро 4 фарсах нишон додаанд.
Ба ҳамин тариқ, дар арсаи маълумоти мавҷуда метавон гуфт, ки Вишгард дар асрҳои XI ва XIII аз ҷумлаи шаҳрҳои бузурги бохтарӣ, мисли Тирмиз, Қубодиён ва Чағониёну Шумон буда, дар ҷануб бо Хутталон, дар ғарб бо Андиён ва дарёи Кофарниҳон ва дар Шарқ бо Элок ҳамсарҳад будааст. Вишгард дар асри X аз ҷиҳати масоҳат ба яке аз марказҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании он замон -Тирмиз баробарӣ доштааст.
В. Б. Бартолд, Б. Ғафуров, дигар муаррихони маъруфи шӯравӣ дар асоси сарчашмаҳои хатии асрҳои аввали милодӣ ва баъзе маълумотҳои маъхазҳои арабӣ қабл аз қабули ислом пайрави дину оинҳои зардуштӣ, буддоӣ ва насронӣ будани мардуми Тахористону Бохтар муътақиданд. Ақидаҳои онҳо зимни тадқиқотҳои охири бостоншиносӣ дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон анҷом гирифт, бо ҳуҷҷатҳои муҳими илмии таърихии бостоншиносӣ тасдиқ гардид. Мувофиқи маълумоти “Ал-Ансоби Самъонӣ”-(муаррихи асри ҳашти араб) мардуми Тахористон ва хосса аҳли Вишгард то интишори ислом пайрави оини бутпарастӣ буда, расму хат ва китобҳои махсуси худро бо ин алифбо доштаанд. Самъонӣ зимни тавсифи шаҳри Вишгард навиштааст: ”Дар аввалҳои интишори ислом дар Вишгард алифбои махсус ва навиштаҷоти аҷибе машҳур буд, ки дар китобҳо сабт шудаанд”.
Бартолд қимати калони таърихии маълумоти Самъониро доир ба алифбо ва китобҳои буддоии мардуми Вишгард, ки дар аввалҳои истилои араб то чандин асри минбаъда ҳам мавҷуд буданд, қайд карда, масъаларо ба тарзи зер шарҳ медиҳад: “Ҳамин тавр Самъонӣ на дар хусуси бозёфт ва ҳуҷҷати тоза, балки доир ба факте сухан меронад, ки аз назари муоссиронаш пӯшида набудааст. Маълумоти фавқулзикри Самъонӣ дар бобати мавҷудияти алифбо ва китобҳои махсуси буддоӣ дар Вишгард ниҳоят муҳим, беназир ва ягона аст.
Маълумоти Самъонӣ гувоҳи равшан аст, ки Вишгард дар арафаи истилои араб яке аз марказҳои мадании Тоҷикистон ва Бохтар буда, мардуми он баъд аз қабули ислом дар давоми чандин садсолаҳо, алифбои буддоии худро ҳифз мекарданд. Тавассути мактабиёни деҳаи Ҷонварсӯз аз харобаҳои қитъаи Вишгард ёфта шудани сиккаҳои давраи Сомониён ва олиҳаи гилии Худозани Онҳит (Анаҳито) ба давраи Кушониёни бузург тааллуқ дошта, ба ихтиёри шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи Академияи Фанҳои Тоҷикистон гузошта шудаанд, ки шаҳодати равшани ақидаҳои мазкур мебошанд.
Маълумоти дигари Самъонӣ оид ба Вишгард, ки фикри болоии ӯро ба ин шаҳри бостонӣ тақвият медиҳад: “Вошҷирд дар он сӯи рӯди Ҷайҳун аст ва дар он ҷо чиз арзон бошад. Работҳои машҳур ва осори аҷиб дорад. Дар оғози ислом дар ин ҷо ҷангҳои пайваста аст”.
Ин маълумот шаҳодати равшани он аст, ки Вишгард дар арафаи интишори ислом ва асрҳои минбаъдаи исломӣ яке аз шаҳрҳои ободу пурфайзи бонуфуз ва бо осори маданиву бостонии худ мумтоз буда, ба шароитҳои мусоиди иқлими фаровонию арзонии анҷом ва тамаддуни қабл аз исломӣ диққати ҳарбиён, тоҷирон, сайёҳон ва географҳои таърихшиноси арабу арабзабонро ба худ ҷалб мекардааст. Ҳамчунин равшан мегардад, ки мардуми Вишгард ба осонӣ ба арабҳо таслим нашуда, ба хотири ҳимояи кишвар ва аз даст надодани дину оин ва ёдгориҳои мазҳабии худ дар муқобили аҷнабиёни араб истодагарӣ ва муборизаҳои шадид мебурданд.
Дар атрофи боқимондаҳои харобаи Вишгарди куҳан, ҳангоми кандани замин садҳо ҷасадҳои бесару сарҳои бетан пайдо мешаванд, ки аксари онҳо ба тарзи исломӣ гӯр карда нашудаанд. Ин худ шоҳиди ҳамон муборизаҳои хунин ва ҷоннисориҳоест, ки мардуми шаҳр дар муқобили истилогарон доштаанд. Ин маънӣ дар ҳадисе, ки таърихинависи асрҳои XVI-XVII –и тоҷик Ҳофизи Таниш дар “Шарафномаи шоҳӣ”-и худ овардааст, ба таври зер ифода ёфтааст: “Ба Хоҷа Имоми Зоҳид ва воиз Муҳаммад Алии Навҷободӣ (вафоташ 21 январи соли 1139) ҳадисе ривоят мекунад, ки Салмони форсӣ гуфт:
“Расул (пайғамбар) фармуд, ки Ҷабраил гуфт: ба замини Машриқ табаъест, ки онро Хуросон гӯянд. Ва се шаҳр аз он рӯзи қиёмат ороста биёранд ба ёқут ва дурру марҷон ва нуре аз эшон мебарояд ва гирд-гирди ин шаҳр бисёр тасбеҳ ва изу ноз, чун арӯсе, ки ба хонаи шавҳар баранд ва) ҳар якеро 70 ҳазор алам бувад. Ва зери ҳар аламе 70 ҳазор шоҳид бувад ва ба шарофати ҳар шоҳиде 70 ҳазор муваҳиди порсигӯй наҷот ёбанд ва ба ҳар рӯзе аз ин шаҳрҳо аз росту чап, аз пешу пас дурӯза роҳ бувад, ки ҳамаш шоҳид бувад”. Расул пурсид: “Ё Ҷабраил, номи ин шаҳрҳоро бигӯй”. Ҷабраил гуфт: “Якеро Қосимия хонанд, ба арабӣ ва ба порсӣ Вишгард ва дувумро ба арабӣ Симронат, ба порсӣ Самарқанд, сеюминро ба араб Фохира ва ба порсӣ Бухоро гӯянд”.
Маълумоти мазкур бо вуҷуди бофтаи динӣ будани он аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ҳақиқати ба мағлубиятҳои ниҳоят шадид рӯ ба рӯ шудани лашкари исломро дар шаҳрҳои мазкур чунон, ки Самъонӣ ишора кардааст, ошкор намуда, нишон медиҳад, ки арабҳо баъд аз шикастҳои пай дар пай ва талафотҳои зиёд, барои рӯҳбаланд намудани қувваҳои боқимондаи худ ҷиҳати ғасби Бухорою Самарқанд ва Вишгард, ҳамин гуна тамҳиду такбир мегӯянд. Ва як “ҳадя”-и муташаккилкунандаро, ки аз усулҳои борҳо санҷидашудаи тарғиботии онҳо буд, эҷод намуда, ба ҳамин васила ба пирӯзӣ муваффақ шаванд.
Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” оид ба вазъи хоки Тоҷикистони имрӯза дар асрҳои 4-5 мелодӣ ва парокандагии шаҳрҳои Мовароуннаҳр маълумот дода, қайд мекунад, ки шаҳри Вишгард, ки миёни дарёҳои Кофарниҳон ва Вахш ҷой доштааст, баробари Чағониён, Аҳарун, Шумон, Кумед ва ғайра дар он замонҳо як ҳукумати ба сари худ мустақили сиёсиро ташкил мекардааст.
Бостоншинос Юсуф Ёқубов, ки яке аз тартибдиҳандагони харитаи ёдгориҳои мадании Тоҷикистон буд, харобаҳои Вишгардро низ чанде таҳқиқ кардааст. Натиҷаи мушоҳида ва тадқиқоти муқаддамотии худро доир ба он чунин ҷамъбаст мекунад: “Возеҳ гардид, ки ин шаҳр (Вишгард) дар аввали асри яки мелодӣ ба вуҷуд омада, дар асрҳои IХ-ХII яке аз марказҳои калонтарини маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва савдо дар Бохтари Шимолӣ ба шумор мерафт. Шаҳр аз се қисм иборат буд: Диз (қалъа), шаҳристон ва работ. Дизи шаҳр ҳоло ба номи “Қалъаи сангин” машҳур мебошад. Дар охир, таъкид мекунам, ки дар Тоҷикистон ба монанди харобаҳои Вишгард шаҳри қадиму калон нест…”
Борҳо бо номи шаҳри Виса ва Висагирд зикр шудани Вишгард дар саҳифаҳои “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ бори дигар ба дурустии ақидаи Маркварт ва В. Ф. Минорский дар хусуси бисёр қадимӣ будани шаҳри Вишгард шаҳодат дода, ҳанӯз дар асрҳои қабл аз мелодӣ ва аввалҳои мелод мавҷуд будани онро равшан месозад. Мувофиқи маълумоти “Шоҳнома” Пирон (сарлашкар ва вазири Афросиёб) зодаи Вишгард ва ҳокими ин шаҳр будааст. Ва номи падари Пирон чунон, ки дар “Фарҳанги Нафиса” омадааст, Вис мебошад. Мувофиқи маълумоти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ Вишгард дар қадим шаҳри аз лиҳози ҳарбӣ устувор ва аз ҷиҳати сиёсӣ бонуфузе шинохта мешудааст. Ҳамин аст, ки Пирон дар номаи ба сарлашкари Эрон навиштааш Висагирд (Вишгардро) дар радифи бузургтарин шаҳрҳои Турон ном бурда, талаб мекунад, ки тақсимоти марказӣ ва ҳудудии Эрону Турон бояд тавре сурат гирад, ки ҳанӯз дар замони Манучеҳршоҳ анҷом гирифта буд.
Дар бораи сарнавишти шаҳри мазкур дар асарҳои минбаъда тақрибан маълумоте дар даст надорем. То ҷое, ки ба мо маълум аст, охирин манбае, ки дар он аз Вишгард ном бурда мешавад, “Нафаҳот -ул-унс”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, шоири шаҳири асри XV аст. Абдураҳмони Ҷомӣ Вишгардро аз ҷумлаи шаҳрҳои Балх ҳисобида, ҳамчунин қайд менамояд, ки қабри Ҳотам ибни Унвон-ал Асам дар ин ҷо қарор дорад.