Чанде пеш, ба муносибати Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳотҳои ноҳия як қатор иншоотии гуногунсамт ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бунгоҳи саломатии деҳаи Бӯстони деҳоти Бӯстон, МТМУ №42 деҳаи Навбаҳор, бинои паногоҳ барои ҳолатҳои фавқулода дар деҳаи Кеннҷаобод, хати оби ошомиданӣ барои деҳаҳои Сурхдара,. Боғи мирӣ ва Файзободи деҳоти Дӯстмурод Алиев, чойхонаи миллии “Шоми Файзобод” мумфаршкунии роҳои деҳаҳо, сехи коркарди чуб ва осиёб, муассисаи таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №4, пули мошингузар, сехи дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар марказҳои хизматрасонӣ дар деҳотҳои ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва раиси ноҳия Бобишо Холзода мавриди истифода қарор гирифт.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҷашни муборак чораҳои зиёд роҳандозӣ карда, пайваста рафти иҷрои корҳо ва сифати онҳоро зери назорати қатъӣ қарор додааст. Мавврид ба ёдоварист, ки ба муносибати ин ҷашни таърихӣ дар ноҳия бунёду азнавсозии беш аз 100 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ин дам қисме аз онҳо ба истифода дода шуд, ки онҳо ба бахшҳои гуногун марбутанд. Айни замон дар дигар иншооти чашни корҳои сохтмони идома дорад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки то ҷашн сохтмони иншоотҳои иловагӣ низ ба нақша гирифта шаванд.