Санаи 26- уми феврали соли 2026, бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Файзобод бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, раиси ноҳия Мансур Каримзода, сокинони ҷамоатҳо, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ бо риояи талаботи агротехникӣ ниҳоли сояафкан шинонида шуд.
Гуфта шуд, сабзазоркунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати экологӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Шинонидани ниҳолҳо на танҳо барои беҳбуди муҳити зист, балки беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ низ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, ба масъулин тавсия дода шуд, ки ба парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои шинонида диққати махсус диҳанд.
Ҳадафи асосии ин маърака на танҳо ниҳолшинонӣ, балки тарғиби фарҳанги ҳифзи муҳити зист ва ҷалби бештари мардум ба сабзкорӣ мебошад.
Имрӯзҳо заҳматкашони ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид дар шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳо машғули шинонидани дарахтони гуногун мебошанд.