Имрӯз раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонии боғчаи кӯдакона барои 80 ҷой, дар деҳаи Бобои Валӣ, Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт дидан карданд. Бояд гуфт, ки мутобиқи лоиҳаи сохтмон бинони мазкур аз ду ошиёна иборат буда, мувофиқи талаботи меъмории муосир бунёд гардида истодааст. Дар дохили он ошхона, толори фарҳангӣ, утоқҳои алоҳидаи таълиму тарбия ва дар саҳни он майдончаи варзишӣ ҷойгир аст. Бино бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа бунёд мегардад.
Мансур Каримзода пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин суҳбат намуда, ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои боқимонда дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Имрӯз талошҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба он равона шудаанд, ки кӯдакони шаҳраку деҳоти ноҳия дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти диёр ва Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.