Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст.
Ҳамин ободкориҳо аст, ки санаи 30-юми апрели соли равон раиси ноҳия Мансур Каримзода аз рафти сохтмони бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия боздид намуд. Иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳо бунёд гардида истодааст.
Ҳоло Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони заҳматкашу меҳнатқаринаш ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» омодагии ҳамаҷониба гирифта, ният доранд, ки ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.