Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими тантанавии пешвозгирии сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро бо сари баланд ба анҷом расондаанд, ба роҳ монда шудааст. Чунин як чорабинии хотирмон таҳти шиори «Истиқболи сарбози шуҷои Ватан» дар деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол”-и ноҳия доир гашт. Дар фазои тантанавӣ сарбоз Яқубов Ҷобир дар назди манзили зисташ бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Бибисоро Ҷомаҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифта шуд. Ба сарбози далер барои адои қарзи шаҳрвандӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба волидайнаш барои тарбияи фарзанди ватандӯст миннатдорӣ баён гардид. Чунин маросимҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ ҷараён дорад. Бибисоро Ҷомаҳмадзода, саҳми сарбозонро дар ҳифзи марзу буми Ватан баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ ва нишони садоқат ба давлату миллат мебошад. Ин иқдомҳо бо мақсади таҳкими руҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳандозӣ гардида, барои тарбияи насли худогоҳу масъулиятшинос заминаи мусоид фароҳам меоранд.