Чиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод корҳои созандагию ободнӣ бо маром идома дорад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии сокинони деҳаҳои Зарнисор ва Кенҷаободи Ҷамоати деҳот ба номи Дӯстмурод Алиев, роҳи марказӣ аз деҳаи Боғи Мирӣ то мавзеи Ғори Хокистар дар масофаи 600 метр пурра мумфарш карда шуда, ҳамчунин, дар масофаи 1 километро қисман таъмир гардид.
Ин иқдоми муҳими ободонӣ, ки бо дастгирии бевоситаи аҳолӣ амалӣ гардид, намунаи олии ҳамбастагӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон буда, ба беҳтар гардидани инфрасохтори маҳаллӣ ва шароити зисти сокинон мусоидат мекунад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд:
«Ободонии ҳар гӯшаву канори Ватан — вазифаи ҳар як фарди ватандӯст аст. Вақте шаҳрвандон бо ҳисси баланди масъулият барои беҳбудии муҳити зист ва шароити зиндагии худ саҳм мегиранд, пешрафти ҷомеа таъмин мегардад.»
Ташаббусҳои созанда ва ҳамкории фаъоли сокинон бо мақомоти маҳаллӣ бояд чун анъанаи нек нигоҳ дошта шуда, дар тамоми минтақаҳо пайгирӣ ва густариш дода шаванд.