Дар асоси нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2026, ки аз ҷониби раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, 18-уми майи соли 2026 дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова таҳти унвони «Пешгирӣ аз хушунат – омили пойдории оилаи солим» мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода, намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ходимони дин, омӯзгорон, бонувон ва ҷавонон иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории мулоқот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву иҷтимоии шаҳрвандон, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, пешгирии хушунат дар муҳити оила, тарғиби муносибатҳои неки инсонӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҷалби ҷомеа ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ арзёбӣ гардид.
Нахуст, Мансур Каримзода меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро ба ноҳияи Файзобод хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки имрӯз масъалаи таҳкими оилаи солим ва пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла хушунат дар оила, ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтааст. Ӯ таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва таъмини муҳити солими маънавӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар ноҳия бо иштироки фаъолон, занону ҷавонон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам вохӯриву чорабиниҳои тарбиявӣ баргузор карда мешаванд. Танҳо дар сурати ҳамкории пайвастаи ҷомеа ва оила метавон муҳити орому солимро барои тарбияи насли наврас таъмин намуд. Ӯ аз аҳли ҷомеа даъват кард, ки нисбат ба масъалаҳои оиладорӣ бетараф набошанд ва дар пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб саҳми худро гузоранд.
Сипас, Рӯдобаи Мукаррам доир ба аҳаммияти таҳкими арзишҳои миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва эҳтироми мутақобилаи байни аъзои оила андешаронӣ кард. Номбурда таъкид намуд, ки оилаи солим заминаи асосии ташаккули ҷомеаи пешрафта буда, тарбияи дурусти фарзандон, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносӣ дар пойдории он нақши калидӣ доранд. Ҳамчунин, қайд намуд, ки пешгирии хушунат танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар як узви ҷомеа мебошад. Ӯ афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги оиладории тоҷикона аҳамияти бештар касб мекунад. Ба таъкиди мавсуф, ҷавонон бояд дар руҳияи эҳтиром ба падару модар, масъулиятшиносӣ ва инсондӯстию ватандӯстӣ тарбия ёбанд. Ба андешаи ӯ, муҳити солими оилавӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак ва рушди маънавии ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Ӯ аз иштирокдорон даъват намуд, ки барои таҳкими сулҳу ваҳдат, дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва пойдории оилаҳо саҳми бештар гузоранд.
Музаффар Ашуриён зимни суханронии худ оид ба сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи оила, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии пешгирии хушунат ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маълумот пешниҳод намуд, иброз дошт: “Дар кишвар барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, бахусус занону кӯдакон, санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардида, ҷиҳати иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд. Ҳамзамон, иштирокдорон ба эҳтироми қонун, риояи одоби муошират ва таҳкими фазои сулҳу субот ва пешгирӣ аз хушунат дар оила даъват карда шуданд. Риояи қонун ва баланд будани маърифати ҳуқуқӣ метавонад сатҳи низоъҳои оилавиро коҳиш диҳад. Имрӯз мақомоти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон барномаҳои гуногуни омӯзишиву маърифатиро амалӣ менамоянд. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро хуб донад ва дар доираи қонун зиндагию фаъолият намояд. Нақши падару модарон дар тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирии рафторҳои хушунатомез ёдовар шуд”.
Ҳамзамон, дар идома Умед Бобозода вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, пешгирии хушунат ва тарбияи дурусти наврасону ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки огоҳии ҳуқуқӣ ва маърифати баланди шаҳрвандон метавонад дар коҳиш додани мушкилоти иҷтимоӣ нақши муассир гузорад. Ӯ иброз дошт, ки эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд аз муҳити оила оғоз гардад. Муҳити солими равонӣ ва муносибати неки байниҳамдигарӣ метавонад барои тарбияи фарзандони солим ва ҷомеаи пешрафта замина гузорад. Ҳамчунин, таъкид намуд, ки хушунат дар ҳар шакл ба рушди маънавӣ ва равонии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Номбурда ҷавононро даъват намуд, ки бо донишандӯзӣ, фарҳанги баланди муошират ва эҳтироми арзишҳои миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Дар қисмати музокира миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, сокинон ва фаъолони ҷомеа доир ба масъалаҳои марбут ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ, тарбияи фарзандон, пешгирии низоъҳои хонаводагӣ ва нақши ҷомеа дар ҳифзи арзишҳои маънавӣ пешниҳодҳои худро ироа намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оилаи солим, пешгирии хушунат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар охир аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи ноҳияи Файзобод силсилакитобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» тақдим карда шуд.