СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
1 майи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо иштироки роҳбарони муассисаву ташкилоти ноҳияи Файзобод дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раванди иҷрои барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ аз тарафи масъулини комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомот мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд ба паст кардани шиддати он мусоидат намоянд.
Маркази матбуоти Агентӣ

Шарҳи худро гузоред

*

code