СОХТМОНИ КӮДАКИСТОН ДАР ДЕҲАИ ЗАРКАМАР

print

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки “30- солагии Истиқлол”- и ноҳияи Файзобод сохтмони бинои боғчаи кӯдакона барои 80 ҷой оғоз гардид. Мутобиқи лоиҳаи сохтмон бинони мазкур аз ду ошиёна иборат буда, мувофиқи талаботи меъмории муосир бунёд мегардад ва дар дохили он ошхона, толори фарҳангӣ, утоқҳои алоҳидаи таълиму тарбия ва дар саҳни он майдончаи бозии кӯдакон сохта мебошад. Бино бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва сокинони деҳа бунёд мегардад.
Зимни оғози сохтмон раиси ноҳия Мансур Каримзода ҳамроҳи масъулони соҳа ва сокинони деҳот суҳбат карда баён намуд: “Вазифаи кӯдакистон ба кӯдакон додани дониши замонавӣ, мукаммал сохтани маҳорату малакаҳои муайян, ҳозирҷавобӣ, ҳушёрию зиракӣ ва дигар сифатҳои ақлию зеҳнӣ мебошад, ки ин ҳама барои таҳсилу тадриси минбаъдаи кӯдакон дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил хеле зарур мебошад. Падару модар низ барои тарбияи дурусти кӯдак аз овони хурдӣ бояд кӯшиш намоянд. Дар баробари тарбияи боғча волидайн, бахусус модаронро зарур аст, ки бо хондани афсонаҳои халқи тоҷик ва китобҳои ибратомӯз, шеъру ҳикоя ва панду андарзи бузургон кӯдаконро ба дӯст доштани зиндагӣ, Ватан ва эҳтироми калонсолон роҳнамоӣ намоянд.
Кӯдакистон бояд наслеро тарбия кунад, ки содиқу худогоҳ бошад, чунки эҳсоси гарми ватандӯстӣ аз кӯдакистон оғоз шуда, ин давраи шаклгирии мафкураи кӯдак мебошад. Раванди таълим дар кӯдакистонҳо бояд низоми миллӣ дошта бошад. Масъулинро зарур аст, ки барои мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ дастуру адабиёти зарурии миллӣ таҳия кунанд. Ин замина фароҳам меорад, ки ҳар мураббию омӯзгор рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намояд.

Шарҳи худро гузоред

*

code