ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 81-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
Ҳамасола 9-уми май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ватани азизамон, Рӯзи Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз дар ноҳияи Файзобод Ҷашни Иди Ғалаба бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Бахшида ба 81-умин солгарди Иди Ғалаба раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва мардуми сарбаланди ноҳия дар боғи фарҳангии маркази ноҳияи ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир ҷамъ омада, шахсиятҳои барои ҳифзи Ватан қурбон шудаанд, зери шиори “Ҳеқ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромуш намешавад” бо гузоштани гулчанбар ва пос доштани хотираи фарзанди баруманди нохия ёдоварӣ карданд.
Боиси зикр аст, ки мақсад аз баргузории чорабинии идона нақш бастани хизматҳои шоёни родмардони Ватан дар хотираҳои наврасону ҷавонон ва мардуми осудаи диёр аст.

Шарҳи худро гузоред

*

code