ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯ

print
Санаи 21 марти соли 2023 дар боғи фарҳангии маркази ноҳия ба номи шоир Бозор Собир Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии маскур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷабор Қодирзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Наҷмиддиён, раиси ноҳия Бобишо Холзода муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Чун анана дар ин рӯз сокинони меҳнаткаши ноҳия бо оростани хони Наврӯзӣ ва эҳёи расму суннатҳои миллӣ ба идгоҳ ҳозир шуданд.
Нахуст, меҳмонон аз гӯшаи ҷамоати шаҳраку деҳот ва корхонаву коргоҳҳои ҳудуди ноҳия, ки маҳсули дастранҷи онон ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд. Дар оғози тантанаҳои Наврӯзӣ меҳмонон аз намоиши таомҳои миллӣ, дастархони миллӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки ба ифтихори Ҷашни Наврӯз гирду атрофи боғ бо шиорҳо ва парчамҳои миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону хурсандиё соди мекарданд.
Сипас, маросими тантанавӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз ёфта, раиси ноҳия Бобишо Холзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони ноҳияро бо Ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуд. Ҳамчунин, раиси ноҳия зикр карданд, ки соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую омол, расму оин ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад.
Баъдан Абдуҷабор Қодирзода ва Файзулло Наҷмиддиён баромад карда, сокинони сарбаланди ноҳияро бо Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфтанд.
Дар идомаи чорабини як қатор фаъолони ноҳия бо сипосномаи раиси ноҳия қадр шуданд. Ҳамчунин, 30 хонандаи фаъол аз тарафи раиси ноҳия бо
стипендияи раиси ноҳияи Файзобод қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ баргузор гардида, ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.

 

Дафтари матбуоти раиси ноҳия.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code