ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
22-юми май, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар ноҳияи Файзобод чорабинӣ доир шуд.
Раиси ноҳия Мансур Каримзода зимни суханронӣ зикр кард: “Мулоқотҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар собит месозад, ки роҳбарияти кишвар ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд дорад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо дастгириҳои Пешвои миллат Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, ҷоизаи бо номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳақиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар самти ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд. Теъдоди квота ва стипендяҳои Президенти мамлакат зиёд гардида, барномаҳои соҳавии сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон ва рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардидаанд”.
Маҳз иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдоми шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони тоҷик дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муваффақона ва сарбаландона фаъолият доранд.
Зимни чорабинӣ ҷавонони фаъол, ки дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ифтихорнома ва мукофотҳо сарфароз гардонда шуданд.
Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини ҳунарӣ пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.