ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ

print
 Ҳамасола 27 июн дар кишвари азизамон Ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ба муносибати 27-умин солгарди ин санаи таърихӣ 26. 06.2024 бо иштироки раиси ноҳия роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва дигар шахсони расмӣ дар боғи фарҳангии ба номи Бозор Собир, ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Зимни чорабинии мазкур раиси ноҳия Мансур Каримзода баромад намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба Ҷашни 27 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, зикр намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Сипас, як қатор кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия бо ифтихорнома ва сипосномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.

   

Шарҳи худро гузоред

*

code