ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД МУҲТАРАМ МАНСУР КАРИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ 81-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

print
Ҳамдиёрони азиз!
Собиқадорони арҷманд!
Дар ибтидо ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азиз, алалхусус, собиқадорони меҳнатро ба муносибати санаи бузурги таърихсоз – Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз самими қалб табрику таҳният мегӯям, бароятон тансиҳатию хонаободӣ орзумандам.
Имрӯзҳо ба ифтихори 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар саросари кишварамон ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ чорабиниҳои тантанавӣ доир мегарданд.
Метавон гуфт, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи ҷасорату мардонагӣ ва далерию корнамоиҳои фарзандони ҷоннисор дар дифои Ватан ва беш аз ҳама, рамзи ягонагиву муттаҳидӣ, сарҷамъиву пирӯзии халқҳо шинохта шудааст.
Аз ин хотир, барои ҷасорату мардонагӣ, далерию корнамоиҳои беназири садҳо ҳазор шаҳидони роҳи Ватан ва ба эҳтироми руҳи ҷовидонаи онҳо сари таъзим фуруд оварда, лаҳзаи хомӯширо ихтиёр кардан қарзи инсонии мост.
Пирӯзии Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бар муқобили фашизми Германия на танҳо барои халқияту миллатҳои ин кишвари паҳновар, балки баҳри тамоми халқияту миллатҳои олам воқеаи басо нодир маҳсуб меёбад, зеро сулҳу озодиву осоиштагӣ барои ҳама азиз аст.
Бинобар ин, дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва дигар кишварҳо ба ифтихори санаи Рӯзи Ғалаба ҳамасола чорабиниҳои идона ботантана баргузор карда мешаванд.
Солҳои1941-1945 бо рӯзҳои вазнину даҳшатбораш ва Рӯзи Ғалабаи Бузург бар фашизм ҳамчун рамзи оғози рӯзҳои осудагӣ, тинҷию оромӣ дар хотири аксари насли калонсоли мардуми сайёра нақш бастаю фаромӯш нашудааст.
Рӯзи ғалаба бар фашизм бо душвориҳо муяссар гардиду ба қавли Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он хизмати як халқи ҷудогона набуда, балки намунаи олии якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст.
Аз Тоҷикистон беш аз 268 ҳазор нафар ҷавонмардон дар ҳайати ду дивизия барои мубориза бар зидди фашизм сафарбар шуда, беш аз 55 ҳазор нафари онҳо барои шуҷоату мардонагиашон дар майдони ҷанг бо ордену медалҳо ва 54 нафарашон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд.
Дар қатори миллионҳо нафар аскарони Армияи Шуравӣ беш аз 10 ҳазору 743 нафар ҷавонмардони баор ва бонангу номуси ноҳияи Файзобод низ барои ҳифзи Ватани паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ ҷоннисорӣ намуда, дар таъмини Ғалабаи бузурги таърихӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Хушбахтона, дар муддати кӯтоҳ ҳаёти осоишта ва рӯзгори ободу хуррам барои наслҳои оянда муҳайё гашт.
Агарчи имрӯз дар диёрамон ягон нафар аз иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт нестанд, аммо хизматҳои арзишмандашон дар таъмини Ғалаба бар фашизм ва саҳми беназирашон дар барқароркунӣ, бунёдкориву созандагиҳои кишварамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад.
Имрӯзҳо, ки хатару таҳдидҳои нав дар бисёр кишвару минтақаҳои сайёра торафт вусъат пайдо карда, боиси ташвиши зиёд шудааст, моро мебояд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонон муттаҳидона талош намоем.
Ҳеҷ гоҳ бар он роҳ надиҳем, ки тарғиботи гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистиву террористӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ дар муҳити кишварамон пирӯз ва вазъи онро ноорому рӯзгорамонро зери бори ташвишу ғаму андӯҳ гузоранд.
Мо бояд сабақу корнамоиҳои падарони шарафмандамонро раҳнамои худ қарор дода, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва зиндагии орому осоиштаамон чун сипари боэътимод ҳамеша омода бошем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорон ҷавонмардони далер, ҳомиёни асили Ватан ба камол расида, бо амри дил самараҳои соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамонро содиқона ва бо шуҷоату далерӣ ҳимоя мекунанд, ки боиси ифтихор аст.
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шумо, собиқадорони меҳнат ва мардуми шарифи диёрро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоматон, қабл аз ҳама, саломатӣ, рӯзгори обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Рӯзи Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

*

code