деҳоти Меҳробод

Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо қарори Комитети иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон 14.06.1931 бо номи Гумбулоқ таъсис ёфта, 28 апрели соли 2001 бо қарори МММОҶТ бо номи Ҷамоати деҳоти Меҳробод номгузорӣ гардидааст. Ҷамоат аз 17 деҳа-деҳаҳои Меҳробод, Яккабед,–Гулафшон (собиқ Ҳайтак), Шӯкурӣ, Қасамдара, Файзова, Хами вафо, Устошамс, Баҳористон, – Себзор (собиқ Сеқишлоқа), Нодирӣ, (собиқ Кулул) – Чорбоғ, Арча, Шерамон, Муллоашӯрӣ, (собиқ Қулобод) – Хуросон ва Сомониён (собиқ Тақназарӣ-ро дар бар мегирад. Шумораи ахолӣ ба 01.01.2017 – 12 ҳазору 248 нафар буда, аз 1362 хоҷагӣ иборат аст. Дар ҳудуди ҷамоат 29 муассисаҳои хизматрасонӣ ва савдо, 8 муассисаи таҳсилоти умумӣ, кӯдакистон, 1 беморхона, 1 масҷиди ҷомеъ ва 3 масҷиди панҷвақта фаъолият менамояд.