шаҳраки Файзобод

Шаҳраки Файзобод 29 майи соли 2000 ташкил шудааст. Шумораи аҳолӣ ба 01.01.2023 – 12 ҳазору 529 нафар буда, ки аз онҳо мардҳо 6 ҳазору 480 нафар мебошанд. Маркази ноҳия шаҳраки Файзобод буда, 1784 хоҷагиро дар бар мегирад. Ҷамоати шаҳрак аз кӯчаҳои, Исмоили Сомонӣ, Чинаӣ, Ҷомӣ, Розиқзода, Айнӣ, Зебуниссо, Сино, Саид Ҷалол, Қурбоналӣ Файзалиев, Рӯдакӣ, Саидшоҳӣ, Саид Гулонов, Гулистон, Мирзохуҷа Шоев, Мирзо Турсунзода ва ба номи Қурбон Назиров иборат мебошад. Дар ҳудуди шаҳрак 5- корхонаҳои саноатӣ  фаъолият мебарад. Аксарияти корхонаҳо дар шаҳрак ҷойгир шудааст. Инчунин, дар ҳудуди шаҳрак беш аз 100 марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, 2 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 муассисаи томактабӣ, маркази эҷодии кудакону наврасон,  Филармонияи халқӣ,  кинотеатр, мактаби мусиқӣ, беморхонаи марказии ноҳия,  маркази саломатӣ,  ва варзишгоҳ фаъолият менамоянд. Инчунин, мағозаҳои тиҷоратӣ ва хӯрокворӣ, сартарошхона, клуб, чойхона, китобхона, ва осорхона барои қонеъ намудани талаботи мардуми шаҳрак  ҳамеша омодаи хизмат мебошад.