ИФТИТОҲИ БИНОИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ НОҲИЯ

print
Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бинои маъмурии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои хуштарҳу замонавии Комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Файзобод аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, он дар масоҳати 240 метри мураббаъ бо тарҳу усули муосири меъморӣ ва мувофиқ ба меъёру талаботи ҳозиразамони низомӣ бунёд карда шудааст.

Сохтмони бинои мазкур тибқи нақша аз ҳисоби маблағҳои муттамаркази буҷетии соҳаи сохтмони Вазорати мудофиа дар аввалҳои соли равон оғоз гардида, дар давоми 8 моҳ пурра ба анҷом расонида шудааст, ки барои кору хизмати афсарон ва умуман фаъолияти ҳамарӯзаи ҳайати шахсӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё мебошад.

Дар дохили бино нуқтаи навбатдории фаврӣ, толор барои доир намудани ҷамъомаду ҷаласаҳои гуногун, ҳуҷраҳои корӣ барои хизматчиёни ҳарбиву кормандон ва дигар ҳуҷраҳои майишӣ мавҷуд буда, иншоот бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Хуҷраҳои корӣ бо технологияи информатсионӣ, мебел, воситаҳои алоқаи муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва бо дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Вазири мудофиаи мамлакат генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода  зимни ба истифода додани ин иншооти ҷашнӣ аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда дар он дидан намуда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. 

Умаман, бинои комиссариати ҳарбии ноҳия дорои ҳамагуна таҷҳизоти муосири кориву хизматрасонӣ мебошад. Дар иншоот толор барои баргузор намудани машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади Ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, дарсу таълимоти гуногуни низомӣ, ташкили комиссияи даъватии шаҳрвандон ва баҳри доир кардани дигар чорабиниҳои нақшавии масъулини мақомоти вобастаи соҳа пешбинӣ гардидааст.

Атрофи бино мувофиқ ба талаботи оинномаҳои ҳарбӣ, бо девор ва панҷараҳои мустаҳками оҳанин маҳкам карда шудааст. Дар  саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбӣ бошад, майдони сафороӣ бо минбар, майдончаи варзишӣ, 1 фаввора ва барои нишасту қабули шаҳрвандон 3 суҳбаткадаи нав сохта шудааст, ки ба намои зоҳирии бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод зебу зиннат бахшидааст.

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code