БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “ВАТАНПАРВАР”

print

Бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат миёни онҳо ва дар доираи Ҷашни 31-уми солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 79 солагии ғалабаи дар ҶБВ солҳои (1941-1945) дар толори варзишгоҳи марказии ноҳия даври ҷамъбастии озмуни ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ, кумитаи ташкилоти мададгори мудофиа ва ШВКД- и ноҳия миёни хонандагони нуҳ муассисаҳои таълимӣ аз шаҳраку деҳоти ноҳия, ки дар даврҳои минтақавӣ ғолиб омадаанд доир шуд.
Дар мароисми ифтитоҳи чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода, иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар омодасозии наврасону ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар нақши муҳим хоҳад гузошт.
Сипас, иштирокдорон дар машқҳои сафороӣ, додани саломи ҳарбӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи таълимӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ғайра байни ҳам сабқат намуданд.
Мусобиқаи “Ватанпарвар” миёни хонандагони ноҳия собит намуд, ки рӯз аз рӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ зиёд мегардад.
Ҳаминтариқ бо гирифтани холҳои зиёд ҷойи якум ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, ҷойи дуюм МТМУ №19 ва ҷойи сеюмро МТМУ № 35 сазовор гаштанд. Ҳамчунин, ба дастаҳои МТМУ №№ 59, 40, 28, 8, 6 ва 2 барои маҳорати баланд нишондодан дар озмун бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби бештари ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дафтари матбуоти раиси ноҳия

Шарҳи худро гузоред

*

code