Дар ноҳияи Файзобод моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд

print
ФАЙЗОБОД, 02.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод ва Литсейи касбӣ-техникии ноҳия баҳри таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинону омӯзгорон ва хонандагон вохӯриҳо баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Дар вохӯриҳо таъкид карда шуд, ки нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз баланд бардоштани сатҳи илмомӯзӣ, рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор, фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи саводнокиву донишандӯзии миллат иборат мебошад. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, танҳо тавассути омӯхтани илму дониш, фаро гирифтани чанд забони хориҷӣ метавон ба рушди бештари илм, техникаю техналогияи навтарин ва дигар самтҳои муҳиму пешрафтаи илми ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо карда шавад.
Таъкид карда шуд, ки ҳар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси мардум дар ободкорию созандагӣ ва қадами устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ ва нақшаҳои бузург мебошанд. Дар Паёми навбатӣ низ ҳадафҳои бузург ва вазифаҳои тақдирсоз муайян гардида, пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ ва дар маҷмуъ сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда фаро мегирад. Президенти мамлакат ҳамчунин барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоистаи мардум масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуданд.
Хушбахтона, Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик таъсири амиқ гузошт. Занону бонувон ҳамчун фарзандони ин сарзамин ба раванди таҳким бахшидани созандагиву бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд.
Ҳамчунин дар ин вохӯриҳо доир ба масъалаҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ, вазъи имрӯзаи муассисаҳои маорифу тандурустӣ дар деҳот ва таъмини хонандагон бо китоб ва лавозимоти хониш сухан гуфта шуд.

Шарҳи худро гузоред

*

code