ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ФИЛИАЛИ «АМОНАТБОНК» ДАР НОҲИЯ

print
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия филиали №16-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур мутобиқ ба талаботи замони имрӯз навсозӣ карда шуда, дар он барои зиёда аз 40 корманд, ки бештари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, шароити муосири корӣ муҳайё гардидааст.

Зимни ифтитоҳи бинои нави филиали №16 раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ва раиси ноҳия Бобишо Холзода иштирок намуданд.
Бинои мазкур дар гузашта ба ҶСК “Агроинвестбонк” тааллуқ дошт ва аз тарафи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иншоот харидорӣ ва мутобиқ ба талаботу меъёрҳои соҳаи бонкдорӣ таъмиру навсозӣ карда шуд.
Корҳои таъмиру навсозӣ дар муҳлати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд иҷро гардид ва дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, минбаъд хизматрасониҳои бонкӣ дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.
Масоҳати бино беш аз 580 метри мурббаъ буда, дорои қариб 10 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад ва барои тақвияти хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи бино раиси Раёсати КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиин Икромӣ таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одоби муошират бо мизоҷон, масъалаи боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ноҳия, ба таври васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ ва устувор гардонидани мавқеи Бонк ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкии кишвар, андешидани чораҳо дар самти баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати такмили савияи касбии кормандони Бонк доир ба истифодаи технологияи рақамӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзиро ба миён гузошта, ифтитоҳи иншооти мазкурро аз иқдомҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд”.


 

Шарҳи худро гузоред

*

code