ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШ ВА ТАНТАНАИ ИДИ МОДАР ДАР ДЕҲОТИ ҶАВОНОН

print

Дар доираи бунёдкориҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Иди Модарон чанде пеш дар деҳаи Хами – Себи Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мансур Каримзода, толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон, дар Рӯзи Модарон аз тарафи ив раиси ноҳия ба модарони деҳа дастархони идона ороста шуда  ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Мансур Каримзода, модаронро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош гуфта, таъкид карданд, ки модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Ҳамчунин, дар хусуси таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон ба занону модарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори назар карданд. Бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд ва дар пешрафти Меҳан саҳми босазо мегузоранд.

 


 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code