“КӢ ДЕҲААШРО ДӮСТ НАМЕДОРАД? Ё, КУҶО ШУДАНД ХОКБОЗИҲОЯМ”?

print
Боз мегӯям, ки аксарияти шаҳриҳо аз деҳа омадаанд. Хонданд, соҳибкасб шуданд ва дар шаҳр монданд. Барояшон деҳа азиз аст ва гумон намекунам, ки дилашон барои зодгоҳашон пар-пар назанад.Деҳаи ман Чуқурак ном дорад, ки онҷо ба дунё омадаву камол ёфтаам. Номаш каме гӯшхарош бошад ҳам, аммо деҳаи сабзу пурбоғ аст. Дар Тоҷикистон чанд Чуқурак ҳам будааст. Мардумаш бештар чорводоранд. Онро қадамҷо мегуфтанд. Ном Чуқурак бошад ҳам, он дар баландӣ воқеъ буда, замоне роҳи корвониён ба Нораку Роғуну Обигарм будааст.Чанд ҳафта баъд рӯзи истироҳат ба деҳа, ба аёдати волидайн меравам. Ҳамдеҳагон, дӯстону ҳамсинфон ва хешу таборонам мебинам. Баъди бозгашту дидорҳо хеле хастагиҳо фаромӯш мешаванд.
Ин ҳафта хеле хурсанд шудам. Дар таърихи зиёда аз 100 сола роҳи деҳа мумфарш мегардад. Ҳама дар ҳашар, ҳама аз пайи коранд.
Техникаҳо босуръат кор мекунанду мардуми меҳмондӯсти деҳа яке “шакароб, яке қурутоб ва сеюмӣ хӯроки дигарро ба ҳашарчиён мебаранд. Роҳҳоро об мезананд. Ош ҳам пухтаанд”.
Хеле шоистаи таҳсину офарин аст, ки дар ин ҳашари рӯзи якшанбе раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода ва раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Зайдулло Зубайдов дар миёни мардуманд. Ҳузури онҳо рӯҳбаландӣ ва завқи бештари сокинони деҳа аст.
Хеле солҳо буданд, ки роҳи байни деҳаро қадам ба қадам напаймуда будам. Дар ин роҳҳо кӯдакиҳои худро гум кардаам. Пои луч дар хоктудаҳои он панҷаи пой сахт кардаам. Деворҳои похсагии ҳандақҳо акнун қариб, ки нестанд.
Аҳсан ба нангу номуси ҷавонмардони деҳа. Қариб панҷоҳсола мешавам ва акнун фаҳмидам, ки дарозии роҳи байни деҳа 980 метр будааст. Ин роҳ акнун чангу хоку пастиву баландӣ надорад.
Имрӯз ҷавонмардони деҳа – Абдулло, Акрам, Фахридин, Ҳабибулло, Тилло, Самеъ, Бобишо, Сафар, Савридин, Рабеъ, Ҳасан, Қурбон, Абдулиқо, Наврӯз, Маҳмадшо, Каромат, Восеъ ва даҳҳои дигар ҳама бо иқдому ташаббус ободкорони деҳаанд.
Мардуми деҳа дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алӣ хеле кори хайреро анчом додаанд. Имрӯз роҳи 10-12 километраи байни маркази ноҳияву деҳаҳои Ҷамоат мумфарш шуда истодаанд. Саховатмандону соҳибкорони деҳаҳои Ҷонварсӯз, Файзобод, Боғи Мири, Қангелӣ, Сурхдара, Чуқурак, Сайдонӣ дар пайравӣ ба созандагиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори савоб карда истодаанд.

БАХТИЁР ҚУДБИДДИНОВ

Шарҳи худро гузоред

*

code