МОДАР – САРОҒОЗИ ҲАСТИИ БАШАР Тантанаи Иди Модар дар ноҳия

print
 Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Ичрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мансур Каримзода, зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ин рӯзи идашон табрик гуфта, барояшон рӯзгори ободу осударо таманно карданд.

Бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Иди Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Имрӯз модарон ва занону бонувони ноҳи дар ҷомеа мавқеи устувор доранд ва дар  пешрафти Меҳан саҳми босазо мегузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолзанони ноҳия ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои хотирмон супурда шуд. Ҳамчунин, занони собиқадор ва модароне ки писаронашон дар хизмати Ватан Модар мебошанд бо туҳфаҳоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қадрдонӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки
вақте ки вожаи муқаддаси “модар”-ро ба забон меорем, қабл аз ҳама, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва дар маҷмуъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад. Зеро, агар Хуршед бо анвори хеш ҷаҳонро файзу рӯшноӣ ва хуррамӣ бахшад, пас, меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати Зан-Модар нури зиндагии инсон, сарчашмаи саршори рӯзгор ва ободию осудагии ҳар хонавода маҳсуб меёбад.
Дар ҳақиқат, меҳри модар поён надорад. Мо дар канори модар ба воя мерасем. Пас, ҳамарӯз модарро гиромию азиз дорем. Ҳастии модарон ҳастии мост, -зикр шуд дар чорабинӣ.
Ҳамзамон, бо иштироки санъаткорони кишвар ва шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи ҳунарӣ барои болидарӯҳии модарон баргузор гардид. Инчунин, ҷамъомади мазкур бо қироати шеърҳои дилнишин дар васфи Зан-Модар дили аҳли толоро шод гардониданд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code