ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ МИНБАЪДАИ ҶАБҲАҲОИ ГУНОГУНИ ТОҶИКИСТОНРО ФАРОГИР АСТ

print

ФАЙЗОБОД, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод вакилони Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ, Саодатшо Матробиён ва Файзулло Наҷмиддиниён нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба фаъолону кормандони бахшу идораҳои ноҳия тафсир намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Насиба Содиқӣ зикр намуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат барои кулли сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, меҳмонон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.

Шарҳи худро гузоред

*

code