ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯ БОБИШО ХОЛЗОДА, БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН

print

Варзишгарон, собиқадорон ва мураббиёни варзиш!

Ҳамасола дар саросари кишвар 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад, ин санаи фархундаро ба кулли кормандон ва собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиёну варзишгарон ва дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муборакбод намуда, саломативу хонаободӣ, фирӯзиву сарбаландӣ ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, имрӯзҳо тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида истодааст.
Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза неруманду тавоно мегардад.
Варзиш дар ҳаёти аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонон ҳамчун омили тавонои ҷимсу руҳи солим, муҳимтар аз ҳама таблиғи тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад.
Дар ноҳия муассисаи давлатии мактаби варзишӣ як адад фаъолият намуда, дар он ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш, тайёр намудани варзишгарони болаёқат, 20 нафар мураббиён фаъолият карда истодаанд. Дар ин муассиса аз рӯйи 12 намуди варзиш, (аз ҷумла гӯштини миллӣ, дзюдо, самбо, таэквандо ВТЭФ, волейбол, футбол, шашкаю шоҳмот, тенниси рӯи миз, гамбол ва ғайра ) ҷиҳати дар сатҳи ноҳия ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ тайёр намудани варзишгарон ва оммавигардонии варзиш тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Варзишгарони ноҳия анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, дар мусобиқаҳои ноҳиявию, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо гардида истодаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 93 медали тилло, 122 нуқра ва 197 биринҷӣ гардиданд.
Боварӣ дорам, ки варзишгарони ноҳия минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Дар ҷодаи пешрафти фаъолияту зиндагӣ ба ҳар якварзишгари ноҳия ва ҷумҳурӣ саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муборак, бошад парчамбардорони миллат!

Шарҳи худро гузоред

*

code