ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Барои риоя нагардидани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст

print

ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5411 илова гардида, барои риоя нагардидани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, 13 декабри соли 2023 ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.
Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ аз 1 августи соли 2023 тариқи ғайринақдӣ муайян шудааст.
«Тибқи меъёри иловашаванда барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти минбаъдаи он ба таври ғайринақдӣ супоридани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин истифодаи кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии шахсии пардохт бо ин мақсад, ба андозаи аз 10 (даҳ) то 20 (бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст»,-гуфт Карим Гулмуродзода.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи чек, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ ва дар ҳоли ҳозир тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.
Яке аз афзалиятҳои пардохти ғайринақдӣ, хоҳ кортҳои пардохтии бонкӣ ё дигар усулҳои ҳисоббаробаркунӣ тариқи воситаҳои электронии пардохт бошад, ин осонии истифодаи онҳост. Зарурати бо худ ҳамроҳ гирифта гаштани маблағи калони пул аз байн рафта, ҳамзамон ҳамеша имкони пардохтани нархи моли харидашуда дар дохил ва хориҷи мамлакат вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, ки воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳангоми дуруст истифода шудан тарзи нисбатан бехатари пардохти мол ё хизматрасонӣ мебошанд. Якум, онҳо имкон медиҳанд, ки ҳамроҳи худ нақдинаи зиёд гирифта нагардем ва дар хусуси бехатар нигоҳ дошта шудани он дар ташвиш набошем. Дуюм, дар сурати гум шудани (дуздӣ, гумшавӣ, нобудсозӣ ва ғ.) ҳамён, пули нақдро яқинан баргардонидан номумкин аст, дар ҳоле ки маблағҳои дар суратҳисоби корти пардохтии бонкӣ ё дар ҳамёни электронӣ бударо зуд банд намудан мумкин аст.

Шарҳи худро гузоред

*

code