“ШОИР АНДАР СИНАИ МИЛЛАТ ЧУ ДИЛ”

print
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова ба муносибати 85-солагии барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоњи Рўдакӣ шодравон Бозор Собир маҳфили адабии шеъру суруд таҳти унвони “Шоир андар синаи миллат чу дил” доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Бобишо Холзода дар бораи хидмати шоистаи шоир дар пешрафти адабиёти тољик гуфт: “Устод Бозор Собир шоири забардасту мумтози тоҷик буда, шеърҳои «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Девори Бухоро», «Теғи Сино»-ро бо нигоҳи тозаву амиқ, ваҷду эҳсоси шоирӣ ва меҳри ватандӯстї эҷод намудааст.”
– Устод Бозор Собир чанд насли алоқамандони шеърро тавассути ҷузъиёти дилпарвари табиати нотакрори диёр ва расму оини аҷдодӣ ҷовидона бо ин обу хок, Ватани зебову дилоро пайваст. Ин пайванд бо сатрҳои зиндаву равон, ки нусхаҳои гарму ҳаётбахши худи шоиранд, ҷовидонаанд. Ин нуктаро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим баён дошт.
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, зикр кард: “Устод дар авҷи даврони навҷӯӣ, бедорӣ ва худшиносии аҳли қалам ба майдони сухан қадам ниҳода, якбора не, бо тамкину садоќат, бо бинишу офариниши нозук, хаёлҳои рангин, образҳои тару тоза, ангезаи эҳсоси нотакрор, ҷасорату ирода мавзуъҳои Ватан, модар, ишқ, худшиносӣ, ҳақталошиву ормонҳои миллӣ, ҷойгоҳи шахсиятҳои баруманди таърихӣ дар тамаддунро васф карда, ҷову мақоми уствор пайдо кард. Дар тасвири шоиронаи Бозор Собир хасу хор, гулу гиёҳ, пайроҳа, сангу хок, абру борон, дару девору мазор ҷону ҷилои тоза ёфтанд. Маҳз омӯзишу ҷустуҷӯйи пайваста, сари ҳар калима, ибора ва сатр заргарона нури чашм сарф кардан, ӯро ба мартабаи баланди шоирӣ расонд, соҳибмактаб низ кард”.
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, иброз дошт: «Баъд аз устод Мирзо Турсунзода ва ҳаммаслаконаш се тан шоири тоҷик дар назми имрӯза таҳаввулоти бузурге ба амал оварданд. Муъмин Қаноат шеъри тоҷикро аз урёнбаёнӣ, обшустагӣ ва умумигӯиҳо раҳо кард. Онро ба шеъри ҳунар табдил дод. Устод Лоиқ ин корро идома дод ва дар тамоми жанрҳои шеъри суннатии мо навоварӣ кард. Шеъри тоҷик шакли нав гирифт ва ба дарду ниёзи мардум ва ормонҳои миллӣ наздик шуд. Дар ин замоне, ки устод Муъмин Қаноат яккатози майдони шеъри тоҷик буду Лоиқ Шералї дар сари минбарҳо ва вирди забонҳо мегашт, хеле мушкил буд, ки як шоири дигар зуҳур кунад ва ҳаводорони адаб ӯро бо кафкӯбиҳо истиқбол гиранд. Аммо, чуниин шоир ба майдон омад ва ӯ устод Бозор Собир буд».
Дар маҳфили адабӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билол ва дигар ҳунармандони маъруф сурудҳои хешро бо ашъори устод шоир манзури иштирокдорон гардонданд. Ҳамчунин, меҳмонон дар ҷамъбасти чорабинӣ аз боғи фарҳангии ноҳия ба номи Бозор Собир дидан карданд. Гуфта шуд, ки дар рӯзҳои наздик пайкараи устод дар боғ гузошта мешавад.
Зикр шуд, ки маҳз сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, ғамхорӣ ва арҷгузориҳояшон ба илму адаб ва фарзандони эҷодкори ин миллат буд, ки шоири номдори тоҷик Бозор Собир баъд аз солҳои зиёди зиндагӣ дар Амрико ба Ватан оварда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки 4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-юмин солгарди Истиқлоли давлатї Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоири маҳбуби халқи тоҷик Бозор Собир Ордени Ситораи Президент, дараҷаи 3 тақдим намуданд.
Паёми фарањбахши дигар ин аст, ки чанде пеш бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалї МТМУ №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба номи Бозор Собир гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки шоир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омад. Ў аз падар бармаҳал ятим монд. Маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати шаҳри Ҳисор гирифта, соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кард. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар идораҳои рӯзномаи «Маориф ва маданият», Нашрияи миллии «Садои Шарқ» фаъолият дошт. Соле дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сифати тарҷумон ва даҳ сол дар Иттифоқи нависандагон мушовири бахши назм будааст.
Бозор Собир аз ибтидои солҳои ҳафтодуми садаи бистум то охири умр 17 маҷмуаи ашъорашро нашр кард. Китобњои «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳаводорони зиёд доранд. Гулчини ашъораи дар Эрон чоп ва истиқболи гарм ёфтааст. Ӯ соли 1988 барои китоби «Бо чамидан, бо чашидан…» Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт.

Дафтари матбуоти раиси ноҳия

Шарҳи худро гузоред

*

code