СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИ  БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ МЕҲРОБОД

print

Тавре иттилоъ дода будем, ба хотири шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар дар ноҳия гурӯҳи корӣ аз ҳисоби роҳбарият бахшҳои мақомот ва намояндагони сохторҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод таъсис ёфта, ҳоло корбарӣ доранд.

Ба ин хотир 26.01.2022 дар  ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳия мулоқоту вохӯриҳои намояндагони бахши кор бо занон ва дигар намояндагони мақомот вобаста ба  шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” “Стратигияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030”, “Стратигияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон борои солҳои 2021-2025” ва дигар масъалаҳо доир гардид.

Дар вохӯри зикр гардид, ки “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.” гуфта гуд зимни мулоқоти намояндагони сохторҳои гуногуни ноҳия бо сокинони ҷамоати деҳоти Меҳробод.

Инчунин, дар ҷараёни  мулоқот масъулин доир ба одобу ахлоқи ҳамида дар кору фаъолият ва фарҳанги либоспӯшӣ, хатари паҳншавии мебориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва COVID  ибрози андеша карданд.

Ҳамчунин, суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии  Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳо миёни сокинони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод силсилавохӯриҳои  гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.     

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code