ВОХӮРИИ МУФИД БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН

print

Тибқи нақшаи МИҲД ноҳияи Файзобод, идомаи суҳбату вохӯриҳои шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши кор бо занон ва оила ва дигар бахшу идораҳоиназди мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯз вохӯрӣ навбати худро вобаста ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” “Стратигияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030”,“Стратигияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон борои солҳои 2021-2025” ва дигар масъалаҳо  дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №43 ва 4 – и Ҷамоати деҳоти Бустон доир намуданд.

Зимни мулоқот масъулин доир ба одобу ахлоқи ҳамида дар кору фаъолият ва фарҳанги либоспӯшӣ ибрози андеша карданд.
Инчунин, суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои ноҳия вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳо миёни хонандагон ва волидайни онҳо силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.

Шарҳи худро гузоред

*

code